Коҳиши саҳмияи иҷозатномаи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия дар соли 2021
(last modified Wed, 11 Nov 2020 09:05:23 GMT )
Ноябр 11, 2020 14:05 Asia/Dushanbe
  • Русия саҳмияи коргарони хориҷиро барои соли 2021 коҳиш медиҳад
    Русия саҳмияи коргарони хориҷиро барои соли 2021 коҳиш медиҳад

Ҳукумати Русия саҳмияи истихдом ва иқомати коргарони муҳоҷири хориҷӣ барои соли 2021-ро коҳиш дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, бар асоси дастури Михаил Мишустин- нахуствазири Русия барои соли 2021 танҳо ихтисоси наздик ба 40 ҳазор муҷаввизи кору иқомат ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ содир шуда, ки дар муқоиса бо ду сол қабл коҳиш ёфтааст.

Дар соли 2019 ин шохис 90 ҳазору 300 нафар буд ва имсол низ 60 ҳазору 200 нафар эълом шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ба далели густариши вируси корона теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл ҳудуди як чаҳорум коҳиш ёфтааст.

Бо ин ҳол мақомоти Вазорати дохилаи Русия теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷик дар ин кишварро як миллион нафар эълом мекунанд.

Аз сӯи дигар Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз коҳиши 47 дарсадии сафари коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона ва баста шудани марзҳо хабар додааст.

Ҳамчунин танҳо аз роҳи ҳавоӣ беш аз 80 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик ба далели бекор шудан дар Русия бо парвозҳои чартерӣ ба кишвар бозгаштаанд.

Бештар бихонед: