Ноябр 15, 2020 19:41 Asia/Dushanbe
  • Мери Трамп: Доналд Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурии даври баъди Амрико номзад намешавад
    Мери Трамп: Доналд Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурии даври баъди Амрико номзад намешавад

Бародарзодаи раиси ҷумҳурии Амрико пешбинӣ кард, вай ба далели тарс аз такрори таҷрибаи шикаст дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳаргиз барои даври баъдии интихобот номзад намешавад.

Ба гузориши рӯзномаи "Телеграф", бародарзодаи Раиси Ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп, "Мери Трамп" гуфт: "Вазъи саломатӣ ва масоили ҳуқуқии Трамп ӯро аз номзадии муҷаддад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар соли 2024 бозмедорад."

"Мери Трамп" ҳамчунин пешбинӣ кард, вазъияти саломатии Трамп то соли 2024 ба қадре заиф мешавад, ки тавоноии будан дар Кохи сафед барои чор соли дигарро нахоҳад дошт.

Бародарзодаи раиси Ҷумҳурии Амрико ҳамчунин гуфт: "Аз ҳама муҳимтар, Трамп дар чаҳор соли оянда , ҳамсинни Раиси Ҷумҳурии мунтахаби кунунии ин кишвар Ҷо Байден, яъне 78 сол хоҳад буд.

Доналд Трамп ба наздиконаш гуфтааст, ки ӯ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2024 ширкат кардан мехоҳад ва метавонад нияти худро то соли 2021 эълон кунад.

Бо вуҷуди пешсафии номзади демократҳо Ҷо Байден, Трамп то ҳол шикасти худро дар интихобот ва овозҳои мардумии интихоботи раёсатҷумҳурии 3 ноябри Амрико эътироф накардааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп