Ноябр 17, 2020 14:08 Asia/Dushanbe
  • Осиё -Уқёнуси Ором (Asia Pacific)
    Осиё -Уқёнуси Ором (Asia Pacific)

Мақомоти 15 кишвари Осиё -Уқёнуси Ором (Asia Pacific) рӯзи якшанбе дар нишасти маҷозӣ тавофуқ бар сари паймони мушорикати иқтисодии ҷомеъи минтақаӣ (RCEP)-ро имзо карданд ва хабаргузории “Deutsche Welle”, аз 15 ноябр ба унвони рӯзи таърихӣ ёд кард.

Ҳол ин пурсиш матраҳ аст, ки тавофуқи RCEP аз чӣ назар ҳоизи аҳаммият аст, ки бисёре аз расонаҳо аз ҷумла хабаргузории “Deutsche Welle” аз ин тавофуқ ба унвони як рӯйдоди тахърихӣ ёд карданд? Дар бораи аҳамияти тавофуқи Паймони мушорикати иқтисодии ҷомеъи минтақаӣ, зикри чанд нукта ҳоизи аҳаммият аст:

Нуктаи аввал инки «шарокати иқтисодии ҷомеъи минтақаӣ» мавсӯм ба  RCEP дар як ҳошияи нишасти минтақаии «ASEAN» дар Ҳаной, пойтахти Ветнам ба имзои мақомоти 15 кишвари Осиё-Уқёнуси Ором расид. Гурӯҳи RCEP шомили 10 узви маҷмаъи кишварҳои ҷануби шарқи Осиё «ASEAN», Чин, Ҷопон, Кареяи Ҷанубӣ, Австралия ва Зеландияи Нав аст.

Нуктаи дувум дар бораи бузургтарин Паймони иқтисодии ҷаҳон дар шарқи Осиё ин аст, ки музокирот барои касби тавофуқ бар сари ҳамкории густардаи иқтисодӣ аз ҳашт соли пеш оғоз шуда буд ва дар ниҳоят имзои ин тавофуқи тиҷорӣ рӯзи якшанбе пас аз 31 давр музокира дар 18 ҳамоиш дар сатҳи вазирон ба натиҷа расид.  

Нуктаи баъдӣ инки Чин 14 ва кишвари Осиё ва Уқёнусия бо имзои бузургтарин тавофуқи тиҷории ҷаҳон дар Ветнам ба дунболи коҳиши тарофаҳо дар бисёре аз ҳавзаҳои муштарак дар солҳои оянда ҳастанд. Дар воқеъ дар сояи ин тавофуқ, аворизи гумрукӣ дар тиҷорат бийни кишварҳои имзокунанда коҳиш меёбад, қавоиди нозир бар бозаргонии муштарак тадвин мешавад ва замина барои ҳамлу нақли коло тасҳил мегардад.

Дар канори ин нукот, бар асоси ин тавофуқ тибқи омори 15 кишвари узви тавофуқномаи мушорикати иқтисодии ҷомеъи минтақаӣ тақрибани 2.3 миллиард нафарӣ, яъне 30 дарсад аз ҷамъияти ҷаҳонро дар бар мегирад. Маҷмӯи ҳаҷми тавлиди нохолиси дохилии аъзо аз 25 миллиард доллар бештар аст ба баёни дигар ҳаҷми мубодилоти бозаргонии тавофуқи тиҷорати озоди ёдшуда ҳудӯди 29 дарсади кули бозаргонии ҷаҳон хоҳад буд ва ин ба ин маъне аст, ки акнӯн минтақаи зери пӯшиши ин тавофуқнома ба бузургтарин минтақаи тиҷорати озоди ҷаҳон табдил мешавад. Ба таъбири дигар Чин, ки акнӯн дар қолаби ҷанги тиҷорӣ бо Амрико қарор дорад, метавонад бо тиҷорат бо ин кишварҳо аз шиддати таниш бо Вашингтон бикоҳад.

Афзӯн бар ин, бисёре аз коршиносон аз тавофуқи эҷоди бузургтарин тиҷорати озод дар ҷаҳон, ба масобеҳи як муваффақияти бузург барои Чин ёд мекунанд. Ироаи чунин таҳлиле дар шароите аст, ки Амрико тайи чанд соли гузашта ҳаддиақал дар даврони раёсатҷумҳурии Трамп дар мавзӯоти мухталифе, аз ҷумла масъалаи Гонконг ва Шинҷон, Тайван ва масъалаи ҳуқуқи башар бо Чин таниш дошта, аммо мавзӯи «ҷанги тиҷорӣ» ҳамвора, яке аз ихтилофоти асосии ду кишвар будааст ва дар чунин шароите Пекин тавонист пас аз 8 сол заминаи ташкили бузургтарин Паймони иқтисодии ҷаҳон дар шарқи Осиёро фароҳам созад. Ба баёни дигар муваффақияти Чин дар ба самар расидани бузургтарин тавофуқи иқтисодии ҷаҳон дар шароите рақам хурд, ки ғайбати Амрико ва ҳузури Чин дар ин паймон, ки ду рақиби аслии якдигар дар ҳавзаи иқтисодӣ маҳсӯб мешаванд, фурсати муносибе барои Пекин фароҳам хоҳад кард, то битавонад равобити иқтисодии худро бо ин кишварҳо тавсеа диҳад.

Ва каломи охир инки дар шароите, ки Вашингтон бавижа дар сиёсати чархиш ба Ҳинду Уқёнуси Ором, хоҳони мувоҷиҳа бо қудратёбии Пекин аст, тавофуқи RCEP метавонад ҷойгоҳи минтақаии Чинро, ки дувумин иқтисоди бартари дунё аст, бавижа дар таомул бо Ҷопон ва Кареия Ҷанубӣ, ки муттаҳидони осиёии Амрико ҳастанд, ба шиддат беҳбуд бибахшад. Дар воқеъ 15 кишвари минтақаи роҳбурдии «ASEAN» дар сояи якравиҳои Трамп, ба тавофуқи тиҷории бузурге даст ёфтанд, ки ба иртиқои ҷойгоҳи минтақаии Чин мунҷар хоҳад шуд. Ба баёни дигар акнӯн дар бурҳаи замонӣ, ки шояд охирин рӯзҳои зимомдории Трамп бошад, 15 иқтисоди минтақаи «ASEAN» бо меҳварияти Чин бузургтарин блоки иқтисодии дунёро ташкил доданд. Дар воқеъ имзои тавофуқи ҳамкории иқтисодии ҷомеъи минтақаӣ ( RCEP), зарбаи мӯҳилике бар ончӣ ки аз баданаи тавофуқи Транс-Уқёнуси Ором боқимонда аст, таъбир мешавад, тавофуқе, ки дар давраи дувуми зимомдории Барак Обама ҳосил шуд ва Трамп аз он по пас кашид. Паймони тиҷории Транс-Уқёнуси Ором(TPP) дар шумори нахустин паймонҳои чандҷонибае буд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба маҳзи расидан ба қудрат дар соли 2016, аз он хориҷ шуд. Ба ин тартиб Амрико дар охирин моҳҳои раёсатҷумҳурии Трамп аз ду тавофуқи тиҷории «ASEAN» - минтақаӣ бо сареътарин руши иқтисодӣ дар ҷаҳон маҳрум шуд. Дар воқеъ имзои бузургтарин Паймони иқтисодии ҷаҳон дар шарқи Осиё, охирин нокомии Трамп дар маҳори Чин маҳсӯб мешавад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

 

Барчасп