Афви Байналмилал: Гурӯҳи 20 Арабистонро барои озодии занон зери фишор бигузорад
(last modified Fri, 20 Nov 2020 12:32:18 GMT )
Ноябр 20, 2020 17:32 Asia/Dushanbe
  • Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ борҳо аз нақзи ҳуқуқи башар дар Арабистон интиқод кардаанд
    Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ борҳо аз нақзи ҳуқуқи башар дар Арабистон интиқод кардаанд

Созмони Афви Байналмилал аз раҳбарони Гурӯҳи 20 хост, мақомҳои саудиро барои озодии фаъолону занони дар банди Арабистонӣ зери фишор қарор диҳанд.

Ба гузориши ИРНА, ин созмони ҷаҳонии ҳуқуқи башарӣ дар сафҳаи твиттерии худ эълом кард, ба ҷойи мудоро бо Арабистон ба хотири ба кор бурдани ибороти “пурзарқубарқ” дар мавриди “тавонмандсозии занон”, раҳбарони Гурӯҳи 20 бояд иҷлоси ин гурӯҳро фурсате барои дифоъ аз фаъолони мадании ин кишвар бидонанд, ки дар пушти милаҳои зиндон ба сар мебаранд.

Иҷлоси раҳбарони кишварҳои узви Гурӯҳи 20 аз рӯзи шанбеи 21 ноябр ба сурати видеоконфаронс ба мизбонии Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Созмони Афви Байналмилал 23 октябр низ эълом кард, ки 13 мудофеини ҳуқуқи зани арабистонӣ ба хотири фаъолият дар заминаи ҳуқуқи башар ҳамчунон дар остонаи муҳокима қарор доранд.

Дар баёнияи ин созмон омада аст: Бархе аз фаъолони мадании ҳуқуқи башарӣ дар Арабистон бо иттиҳоми иртибот бо расонаҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Афви Байн алмилал рӯ ба рӯ ҳастанд.

Созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ то кунун борҳо аз саркӯби озодии баён, эъдому зиндонӣ кардани фаъолони ҳуқуқи башарӣ дар Арабистон интиқод кардаанд.

Ахиран низ гузорише мунташир шуда, ки дар он аз озорҳои ҷинсии занони зиндонӣ дар Арабистон пардабардорӣ шудааст.

 

Бештар бихонед: