Ноябр 21, 2020 12:58 Asia/Dushanbe
  • Дар пайи ин ҳамалот дастикам 3 тан кушта ва 11 нафар захмӣ шуданд
    Дар пайи ин ҳамалот дастикам 3 тан кушта ва 11 нафар захмӣ шуданд

Вазорати кишвари Афғонистон аз шиллики 14 ракет ба наздикии сафорати Амрико дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, манобеи амниятӣ дар Афғонистон эълом карданд, субҳи имрӯз дастикам 14 мӯшак ба минтақаи дипломатнишини Кобул (минтақаи Вазир Акбархон) исобат кард ва дар пайи он занги хатари сафорати Амрико дар ин шаҳр ба садо даромад.

Дар пайи ин ҳамалот дастикам се тан кушта ва ёздаҳнафар захмӣ шуданд.

Бисёре аз марокизи ҳассоси давлатӣ, аз ҷумла Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон, дафотири бисёре аз муассисоти хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин аксари сафоратхонаҳои хориҷӣ дар минтақаи Вазири Акбархони Кобул воқеъ шудааст.

Ҳамчунин бар асари инфиҷори бомби миғнотисӣ, ки субҳи имрӯз дар шарқи шаҳри Кобул рӯй дод, як низомӣ кушт шуд ва се нафари дигар захмӣ шуданд.

То кунун фард, ё гурӯҳе масъӯляти ин ду ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст.

Шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон аз замони оғози музокироти сулҳ дар ду моҳи гузашта токунӯн шоҳиди даҳҳо инфиҷори террористӣ буда ва ин ҳамалот садҳо кушта ва захмӣ барҷо гузоштааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп