Вокуниши Пекин ба изҳороти попи Франсис дар бораи уйғурҳо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i59347-Вокуниши_Пекин_ба_изҳороти_попи_Франсис_дар_бораи_уйғурҳо
Вазорати умури хориҷаи Чин рӯзи сешанбе интиқодҳои попи Франсис аз Пекин ба далели бадрафторӣ бо мусулмонони қавми уйғурро беасос ва мардуд донист.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Ноябр 24, 2020 20:05 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин изҳороти попи Франсисро дар бораи авзои мусулмонони уйғур рад кард
    Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин изҳороти попи Франсисро дар бораи авзои мусулмонони уйғур рад кард

Вазорати умури хориҷаи Чин рӯзи сешанбе интиқодҳои попи Франсис аз Пекин ба далели бадрафторӣ бо мусулмонони қавми уйғурро беасос ва мардуд донист.

Ба гузориши Ройтерс, попи Франсис, раҳбари масеҳёни католики ҷаҳон дар китоби нави худ ба номи “Бигузоред рӯъёпардозӣ кунем: масири як ояндаи беҳтар” навиштааст: “Мо ағлаб ба фикри мардуми озордида ҳастем: қавми руҳингиё ва уйғурҳои бечора”.

  • Нахустин бор аст, ки попи Франсис уйғурҳои Чинро мардуме озордида хондааст. Коре ки фаъолони ҳуқуқи башарӣ солҳо аст аз ӯ мехоҳанд анҷом диҳад.

Жао Ли Ҷиян, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин дар як нишасти расонаӣ тавсифи поп аз уйғурҳоро рад карду гуфт: “Тамоми қавмиятҳо дар Син Киёнг ба таври комил аз ҳуқуқи маош, ҳуқуқи рушду тавсеа ва озодии мазҳабӣ бархӯрдор ҳастанд.

 

Бештар бихонед: