Вокуниши Пекин ба изҳороти попи Франсис дар бораи уйғурҳо
Ноябр 24, 2020 20:05 Asia/Dushanbe
Вазорати умури хориҷаи Чин рӯзи сешанбе интиқодҳои попи Франсис аз Пекин ба далели бадрафторӣ бо мусулмонони қавми уйғурро беасос ва мардуд донист.
Ба гузориши Ройтерс, попи Франсис, раҳбари масеҳёни католики ҷаҳон дар китоби нави худ ба номи “Бигузоред рӯъёпардозӣ кунем: масири як ояндаи беҳтар” навиштааст: “Мо ағлаб ба фикри мардуми озордида ҳастем: қавми руҳингиё ва уйғурҳои бечора”.
- Нахустин бор аст, ки попи Франсис уйғурҳои Чинро мардуме озордида хондааст. Коре ки фаъолони ҳуқуқи башарӣ солҳо аст аз ӯ мехоҳанд анҷом диҳад.
Жао Ли Ҷиян, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин дар як нишасти расонаӣ тавсифи поп аз уйғурҳоро рад карду гуфт: “Тамоми қавмиятҳо дар Син Киёнг ба таври комил аз ҳуқуқи маош, ҳуқуқи рушду тавсеа ва озодии мазҳабӣ бархӯрдор ҳастанд.
Бештар бихонед:
- Афғонистон амнтар аз Син Киёнг барои мусулмонони чинӣ
- Мамнуияти номгузории исломӣ: фишори тозаи Пекин бар мусулмонони уйғур
Барчасп