Декабр 05, 2020 17:52 Asia/Dushanbe
  • Эътиқоди ағлаб ин аст, ки кӯршапарак ноқили табиии вируси корона аст
    Эътиқоди ағлаб ин аст, ки кӯршапарак ноқили табиии вируси корона аст

Як вирусшиноси чинӣ дар бораи шуюъи анвои дигаре аз вируси корона, ки кӯршапаракҳо ноқили он ҳастанд ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Горден, вирусшиноси чинӣ Ши Чанглӣ дар шаҳри Ухан аз паҳншавии навъҳои вируси корона ҳушдор додааст.

Ин донишманди чинӣ мегӯяд: кӯршапаракҳое, ки дар манотиқи марзӣ дар ҷануб ва ҷанубу ғарби Чин зиндагӣ мекунанд анвои дигаре аз вируси коронаро доранд, ки метавонад ба инсон мунтақил шавад.

Ши Чанглӣ таъкид кард: Ин навъи ҷадид аз вируси корона, ки ба бемории Коавид-19 низ шабоҳат дорад, дар хориҷ аз Чин ағлаб дар табиат шуюъ меёбад.

Ӯ гуфт: Мо бояд на танҳо дар Чин, балки дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ низ ба думболи шиносоии ин вирус бошем.

Гуфта мешавад, ки кӯршапаракҳо интиқолдиҳандаи табиии коронавирус мебошанд, аммо Чангли чунин мешуморад, ки ин ҳайвон ба эҳтимоли зиёд миёнаравест, ки вирусро аз кӯршапаракҳо ба инсон интиқол медиҳад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп