Машҳӯртарин ҷосуси Ҷанги Сард даргузшт
(last modified Sun, 27 Dec 2020 07:42:03 GMT )
Декабр 27, 2020 12:42 Asia/Dushanbe
  • Блейк аз бадномтарин ҷосусони парвандаҳои Ҷанги Сард буд
    Блейк аз бадномтарин ҷосусони парвандаҳои Ҷанги Сард буд

Ҷорҷ Блейк аз маъруфтарин ҷосусҳои давраи Ҷанги Сард(Cold War) дар Русия ва дар сини 98 солагӣ даргузашт.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Ал Олам, Ҷорҷ Блейк ҳувияти садҳо ҷосуси ғарбиро, ки дар Аврупои Шарқӣ фаъол буданд, ифшо кард ва бархе аз онҳо дар пайи ин ифшогарӣ эъдом шуданд.

Бар асоси ин гузориш, Блейк яке аз бадномтарин ҷосусони парвандаҳои Ҷанги сард буд, ки дар соли 1961 мушаххас шуд, ки ҷосуси Шуравӣ аст ва дар пайи он ба 42 сол зиндон маҳкум шуд.

Вай дар соли 1966 аз зиндон гурехт ва бо убӯр аз Аврупои Ғарбӣ ва Девори оҳанин ба Берлини шарқӣ рафт ва пас аз он бақияи умри худро дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ ва Русия сипарӣ кард.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар паёми таслиятӣ ба муносибати даргузашти Блейк навишт: “ёди ин шахсияти афсонаӣ барои ҳамеша дар қалбҳои мо мемонад”.

Блейк соли 1922 дар Роттердами Нидерланд ба дунё омад. Модараш нидерландӣ ва падараш аз яҳудиёни мисрӣ буд.

Вай дар Ҷанги ҷаҳонии дувум ба муқовимати Нидерланд пайваст ва сипас аз ин кишвар гурехт ва ба нерӯи дарёии Англия пайваст ва аз соли 1944 ба ҳамкорӣ бо Сервиси иттилооти махфии Англия рӯ овард.

Блейк соли 2012 дар мусоҳибае ба муносибати таваллуди 90 солагиаш нисбат ба гузаштаи худ ибрози пушаймонӣ накард ва гуфт: “шодтарин ва оромтарин солҳои зиндагиамро сипарӣ мекунам”.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: