Июл 20, 2022 19:48 Asia/Dushanbe
  • Русия кори дафни зуболаҳои ҳастаӣ боқимонда аз даврон Шуравӣ дар Тоҷикистонро оғоз кард.
    Русия кори дафни зуболаҳои ҳастаӣ боқимонда аз даврон Шуравӣ дар Тоҷикистонро оғоз кард.

Ширкати Русатом, ки дар муноқисаи барномаи дафни зуболаҳои ҳастаии боқимонда аз даврони Шуравӣ дар Тоҷикистон баранда шуд барномаи ҷомеъи дафн ва беасарсозии ин пасмондаҳо дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғдро оғоз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник ин барнома то соли 2023 иҷро хоҳад шуд.

Дар 50 соли фаъолияти корхонаи тасфияи маъдани урониюм дар даврони Шуравӣ дар атрофи шаҳри Хуҷанд дар қаламрави шаш ноҳияи вилояти Суғд ҳудуди 55 миллион тонна зуболаи ҳастаӣ дафн шуд, ки метавонад ба муҳити зисти ин минтақа ва саломатии шаҳрвандон хисоратҳои зиёде ворид кунад.

Дар ҳоли ҳозир 3 макони дафни зуболаҳои ҳастаӣ боқимонда аз даврони Шуравӣ дар шаҳрҳои Адрасмон, Истиқлол ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки дар масоҳати 200 гектар замин воқеъ шуда аст, ниёз ба дафн ва беасарсозӣ дорад, ки нархи ин кор 70 миллион доллар баровард шуда аст.

 

 

Барчасп