Январ 02, 2021 15:39 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 2,5 ниммиллион доз ваксинаи корона тавлид ва байни манотиқи Русия тавзиъ шудааст
    Беш аз 2,5 ниммиллион доз ваксинаи корона тавлид ва байни манотиқи Русия тавзиъ шудааст

Вазорати беҳдошти Русия аз шитоббахшидан ба раванди ваксинатсия(эмкунӣ)-и саросарии корона дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, вазорати беҳдошти Русия эълом кард, ки ваксинатсияи корона дар саросари Русия шомили 85 ҷумҳурӣ ва вилояти ин кишвар анҷом мешавад.

Дар нахустин марҳала беш аз 2,5 миллион доз ваксинаи русии корона аз навъи “СпутникV”, тавлид ва байни манотиқи Русия тавзеъ шудааст.

Даҳҳо ҳазор нафар аз коркунони бахши дармон ва марокизи фавриятҳои пизишкӣ ва низ коромӯзони пизишкӣ ва парасторӣ дар раванди ваксинатсияи корона дар Русия ширкат доранд.

Дар Маскав ҳам тарҳи ваксинатсияи корона дар беш аз 170 маркази вижа дар бемористонҳо ва марокизи дармонии Маскав дар ҳоли иҷрост.

Оморҳо нишон медиҳад, дар Русия 3 миллиону 186 ҳазор нафар ба бемории Ковид19 мубтало шуда ва токунӯн 57 ҳазору 555 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

 

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп