Посухи Русия ба иддаои зиддиэронии Майк Пампео
Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена - пойтахти Австрия иддаои вазири хориҷаи Амрико дар хусуси бар бакоргирии силоҳи химиявӣ аз сӯи Эронро рад ва таъкид кард, Эрон худ қурбонии силоҳҳои химиявӣ аст.
Ба гузориши ИРНА, Михаил Улянов, намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена дар твитти тозае зимни радди иддаои беасосу зиддиэронии Майк Пампео, вазири хориҷа Амрико навишт: Улянов ва ҳамаи аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ бар ин боваранд, ки Эрон қурбонии истифодаи режими Саддом Ҳусайн аз силоҳҳои химиявӣ будааст.
Пампео, вазири хориҷаи Амрико ба тозагӣ дар твитте иддао кардааст: Амрико иттилооте дорад, ки нишон медиҳад Эрон аз силоҳи химиявӣ истифода мекунад.
Улянов ҳамчунин дар посух ба иддаои Пампео изҳор дошт: Агар ин иддао воқеият дорад чаро Амрико иттилооти марбут ба онро то кунун маҳрамона нигаҳ доштааст.
Режими Саддом, диктатори эъдомшудаи Ироқ дар ҳашт соли ҷанги таҳмилӣ алайҳи размандагони эронӣ аз силоҳҳои мамнуаи химиявӣ, аз ҷумла гази хардал (горчичный газ) истифода кард ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони манъи таслеҳоти химиявӣ ин воқеиятро борҳо таъйид кардаанд.
Бештар бихонед:
- Ба ёди ҳамаи қурбониёни силоҳҳои химиявӣ
- Эрон: Ҳимояти Ғарб аз Саддом дар ҳамлаи химиявӣ ба Сардаштро фаромӯш намекунем