Дар набардҳои ахир дар Ҳилманди Афғонистон 50 нерӯи амниятии афғон кушта шудаанд
(last modified 2016-10-16T14:25:41+00:00 )
Октябр 16, 2016 19:25 Asia/Dushanbe
  • Дар набардҳои ахир дар Ҳилманди Афғонистон 50 нерӯи амниятии афғон кушта шудаанд

Ҳаётуллоҳи Ҳаёт, волии Ҳилманд имрӯз ба расонаҳо гуфтааст, баррасиҳои нахустин нишон медиҳад, ки дар набардҳои ду ҳафтаи ахир дар Ҳилманд 50 тан аз нерӯҳои амниятии афғон шаҳид шудаанд ва чанд тани дигар захм бардоштаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз хабаргузориҳои Афғонистон, ҳамчунин ҳудуди 50 тан аз нерӯҳои амниятии ин кишвар мафқуд ҳастанд.

Ҳаётуллоҳи Ҳаёт гуфтааст, ки нерӯҳои амниятӣ шаби гузашта чандин амалиётро дар шаҳри Лашкаргоҳ роҳандозӣ карданд, ки дар натиҷаи он 88 ҷангҷӯи Толибон кушта шудаанд ва низ чандин русто аз вуҷуди афроди ин гурӯҳ поксозӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки шаҳристони Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд дар рӯзҳои ахир чандин бор дар маърази суқут қарор гирифтааст. Вилояти Ҳилманд, ба вижа шаҳри Лашкаргоҳ дар моҳҳои ахир ба каррот ҳадафи ҳамалоти густардаи Толибони афғон қарор гирифтааст.

 

Барчасп