Январ 23, 2021 10:17 Asia/Dushanbe
  • Бо вуҷуди давлати қонунии Афғонистон , Амрико ба Толибон иҷозаи мудохила дар умури дохилии ин кишварро дода аст
    Бо вуҷуди давлати қонунии Афғонистон , Амрико ба Толибон иҷозаи мудохила дар умури дохилии ин кишварро дода аст

Кохи сафед дар баёнияе эълом кард, ки мушовири амнияти миллии Ҷо Байден-раиси ҷумҳурии Амрико ба ҳамтоии афғонистонии худ итилоъ дода аст, ки Амрико тавофуқи Трамп бо Толибонро бознигарӣ хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , дар баёнияи ҷумъашаби Кохи сафед омада аст :Ҷек Соливон-мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳӯрии Амрико ба ҳамтоии афғонистонии худ эълом карда аст, ки Иёлоти муттаҳида тавофуқ бо Толибонро бознигарӣ хоҳад кард.

 Пеш‌тар Антони Блинкин, ки аз сӯи Байден номзади ҳидояти вазорати хориҷа шуд , дар ҷаласаи пурсишу посух бо намояндагон дар маҷлиси Сенати ин кишвар гуфта буд, ки тавофуқи давлати Трамп бо Толибонро баррасӣ ва бознигарӣ хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки манобие аз давлати Афғонистону Толибон пештар гуфта буданд, ки ду тараф барои тавофуқи давлати Трамп бо Толибон , мунтазири вуруди Ҷо Байден ба Кохи сафед ҳастанд, то аз мавозеъи ӯ дар қиболи ин тавофуқ ва иқдомоти ӯ огоҳ шаванд.

 20 феврали гузашта мақомҳои Амрико ва Афғонистон эълом карданд, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар НАТО нерӯҳояшонро дар муддати 14 моҳ аз Афғонистони хориҷ хоҳанд кард, дар сурате ки Толибон ба таъаҳҳудоташ бар асоси тавофуқе, ки дар Давҳа имзо карданд, пойбанд бошад.

 Панҷ ҳазор зиндонии гурӯҳи Толибон низ бар асоси ҳамин тавофуқнома аз зиндонҳои давлати Афғонистон озод шуданд, ки акнун давлат муддаӣ аст шумори зиёде аз онҳо ба майдони ҷанг баргаштаанд.

 Тавофуқномаи сулҳи Амрико ва ниманизомиёни Толибон баъд аз 11 даври музокирот дар ҳоле ба имзо расид, ки бо вуҷуди давлати қонунии Афғонистон , Амрико ба гурӯҳи Толибон дар умӯри дохилии ин кишвар иҷозаи мудохила дода аст.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп