Вокуниши Маскав ба ихроҷи дипломатҳои рус аз кишварҳои аврупоӣ
(last modified Tue, 09 Feb 2021 06:07:05 GMT )
Феврал 09, 2021 11:07 Asia/Dushanbe
  • Захарова: тасмими Русия барои ихроҷи дипломатҳои аврупоӣ ғайрисиёсӣ будааст
    Захарова: тасмими Русия барои ихроҷи дипломатҳои аврупоӣ ғайрисиёсӣ будааст

Кремл ихроҷи дипломатҳои русӣ аз бархе кишварҳои аврупоиро иқдоме хасмона хонд.

Ба гузориши аз шабакаи Алҷазира, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе ихроҷи дипломатҳои ин кишвар аз сӯи Олмон, Шветсия ва Полшаро иқдоми ғайри қобили тавҷеҳ ва хасмона тавсиф кард.

Вай бо таъкид бар инки ин гуна рафторҳои Иттиҳоди Аврупо зермаҷмуъае аз иқдомоти зиддирусии Ғарб аст, афзуд: “Маскав ин иқдомотро дахолат дар умури дохилии ин кишвар медонад”.

Мария Захарова таъкид кард, Русия дар ин замина тасмими сиёсӣ нагирифта ва танҳо тибқи воқеъиёти мавҷӯд дипломатҳои аврупоиро ихроҷ кардааст.

Захарова идома дод, ғарбиҳо дар солиёни ахири далеле барои ихроҷи дипломатҳои русӣ аз кишвари худ ироа намедоданд дар ҳоле, ки Маскав ба сурати комилан ошкор иллати ихроҷи бархе аз дипломатҳои кишварҳои мухталифро эълом кардааст.

Русия рӯзи ҷумъа дипломатҳои се кишвари Олмон, Полша ва Шветсияро ба далели ширкат дар тазоҳурот дар ҳимоят аз Алексей Навалний мухолифи саршиноси рус, унсури номатлуб хонд ва аз ин кишвар ихроҷ кард.

Олмон, Шветсия ва Полша низ дар вокуниш, шуморе аз дипломатҳои русро ихроҷ карданд.

Навалний, ки ба тозагӣ асноди робитаи вай бо бархе сервисҳои иттилоотии Ғарб мунташир шудааст, пас аз бозгашт ба Русия ба ҷурми нақзи ҳукми додгоҳ ба 3,5 ҳабс маҳкум шуд.

 

Бештар бихонед: