Эминӣ ва короии ваксинаи дувуми Русия алайҳи вируси корона исбот шуд
-
Натоиҷи озмоишҳои инсонии ваксинаи “ЭпиВакКорона” короии болои ин ваксинаро исбот кард
Созмони ҳимоят аз масрафкунандагони Русия ба унвони дастандаркори мубориза бо бемориҳои уфунӣ дар он кишвар аз исботи короӣ ва масуниятафзоии болои ваксинаи дувуми русӣ ба номи «ЭпиВакКорона” хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Созмони ҳимоят аз масрафкунандагони Русия рӯзи панҷшанбе дар баёнияе навишт: Маркази илмӣ - пажӯҳишии вирусшиносии «Виктор» бо таваҷҷуҳ ба оғози ваксинатсияи умумии корона бо истифода аз ваксинаи “ЭпиВакКорона”-и сохташуда дар ин марказ, натоиҷи озмоишҳои болинии мароҳили аввал ва дувум бар рӯйи гурӯҳи довталабон байни синни 18 то 60 солро дар қолаби гузорише дар нашрияи русии «Уфунат ва масуният» мунташир кард.
Дар ин баёния омадааст, ки натоиҷи озмоишҳои инсонии ваксинаи “ЭпиВакКорона” масуниятафзоӣ ва короии болои ин ваксинаи русиро исбот кард.
Созмони ҳимоят аз масрафкунандагони Русия бо ишора ба таҳқиқоти думарҳилаии ин ваксина меафзояд: Марҳилаи нахуст шомили таҳқиқот дар бораи эминӣ ва масуниятзоии ваксинаи “ЭпиВакКорона” бо ширкати 14 довталаби 18 - 30 сол буд ва марҳилаи дувум низ таҳқиқоти 86 довталаби байни синҳои 18 - 60 солро шомил мешуд.
Ин таҳқиқот нишон дод, ки ду бор ваксина задан бо истифода аз ваксинаи “ЭпиВакКорона” боис шуд то дар 100 дарсади довталабон 21 рӯз пас аз дарёфти воя ё дозаи дувуми ваксина, подтан алайҳи вируси корона сохта шавад.
Русия пеш аз “ЭпиВакКорона” ваксинаи “Спутник V”-ро низ сохта ва ба таъйиди Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ расонидааст. Ваксинаи сеюми русӣ бо номи “КовиВак” низ дар ҳоли озмоиш аст.
Бештар бихонед:
- «Спутник V»: Дувумин ваксинаи пуртарафдори дунё
- Чаҳорумин маҳмулаи ваксинаи русии корона таҳвили Эрон шуд + видео
- Ваксинаи русии зиддикорона ду сол эминӣ эҷод мекунад