Мухолифати Умронхон бо беҳбуди муносибати Покистон ва Ҳинд
(last modified Sat, 03 Apr 2021 06:52:02 GMT )
Апрел 03, 2021 11:52 Asia/Dushanbe
  • Умронхон: Ҳиндустон бояд аз амалиётҳои якҷониба нисбати Кашмир даст кашад
    Умронхон: Ҳиндустон бояд аз амалиётҳои якҷониба нисбати Кашмир даст кашад

Сарвазири Покистон бо мавзӯи оддисозии муносибат бо Ҳинд дар шароити феълӣ мухолифат кард.

Ин дарҳолест, ки интизор мерафт бо аз саргирии эҳтимолии равобити тиҷорӣ миёни ду кишвар, яхи равобити Исломобод ва Деҳлии нав шикаста шавад. 

 Ба гузориши радиои тоҷикии садоии хуросон ба нақл аз хабаргузории ИРНА, Умронхон бо ишора ба иқдоми давлати Ҳинд дар лағви имтиёзоти вижаи минтақаи Ҷому ва Кашмир ( таҳти идораи Деҳлии нав ) таъкид кард: Оддисозии равобити ду кишвари машрут ба таҷдиди назари Деҳлии нав дар тасмими худ дар бораи Кашмир аст.

 Сарвазири Покистон гуфт: Барқарории равобити Покистону Ҳинд ниёз ба фазои дӯстона дорад ва Ҳинд бояд аз иқдоми якҷониба дар хусуси Кашмир ақабнишинӣ кунад.   
 

 Покистон ва Ҳинд пас аз истиқлол дар соли 1947 даргири муноқишае бар сари минтақаи Кашмир ҳастанд ва ин муноқиша токунун мӯҷиби се ҷанг миёни ду кишвар шудааст. 

 

Бештар бихонед: