Апрел 11, 2021 16:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳудуди 40 дарсад туфангдорони дарёии Амрико аз гирифтани ваксинаи корона даст кашиданд
    Ҳудуди 40 дарсад туфангдорони дарёии Амрико аз гирифтани ваксинаи корона даст кашиданд

Як мақоми Вазорати дифои Амрико (Пентагон) гуфт, тақрибан 40 дарсад аз туфангдорони дарёии Амрико аз гирифтани ваксинаи корона худдорӣ кардаанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон, " Эндрю Вудс ", афсари иртиботот ва амалиёти Вазорати дифои Амрико ( Пентагон ) ба рӯзномаи " USAID" эълом кард, аз 123 ҳазору 500 туфангдори дарёии Амрико, ки ба ваксинаи корона дастрасӣ доштаанд, 75 ҳазору 500 тан  ё пурра эм карда нашудаанд ё танҳо як доза гирифтанд дар ҳоле, ки 48 ҳазор нафар аз дарёфти он худдорӣ кардаанд. 

 

  "Эндрю Вудс " гуфт,  барои беш аз 100 ҳазор туфангдор ҳанӯз ваксина тазриқ нашудааст. 

Бо тавваҷӯҳ ба ин ки ду ширкати Амрикоии Pfizer ва Модерно низ таъйидияи ваксинаҳои зиддикоронаии худро дарёфт ва миллионҳо доза аз онҳоро дар саросари Амрико ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Британия тавзеъ кардаанд, аммо ҳудуди 60 нафар дар Амрико баъд аз дарёфти яке аз ваксинаҳои Файзер ё Модерна ҷон бохтаанд ва садҳо нафар дучори аворизи баъзан таҳдидкунандаи ҳаёт шудаанд.   
  

 Амрико ҳамакнун дар садри кишварҳои ҷаҳон ҳам аз назари мизони шумори мубталоён ба вируси корона ва ҳам аз назари мизони маргу мири ношӣ аз ин вирус қарор дорад. 
  
  
  
  Бештар бихонед :

Барчасп