Коршиноси рус: сафари Лавров ба Теҳрон, тазмине бар иттиҳоди Эрон ва Русия аст
(last modified Mon, 12 Apr 2021 14:44:09 GMT )
Апрел 12, 2021 19:44 Asia/Dushanbe

Коршиноси русӣ масоили сиёсии сафари рӯзи сешанбе вазири хориҷаи Русия Сергей Лавровро ба Теҳрон муҳим арзёбӣ ва таъкид кард: Эрон ва Русия зери бори шадидтарин таҳримҳои Амрико қарор доранд, чун намехоҳанд таслими сиёсатҳои империализми Амрико шаванд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симо; Владимир Юсуф мудири иҷрои Институти ҳамгароии Авруосиё бо ишора ба аҳамияти сафари вазири умури хориҷаи Русия ба Теҳрон афзуд: ин мавзӯ барои Теҳрону Маскав ба маъноии сарнавишт ва манофеи муштарак дар арсаи байналмилалӣ ва низ бузургтарин фурсат барои имзои паймонномҳ‌ҳоест, ки тазминкунандаи иттиҳоди ду кишвар бошад. 
  
Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия фардо дар ҳоле вориди Теҳрон мешавад, ки дар солҳои ахир сатҳи равобит ва муносиботи Эрон ва Русия дар ҳамаи заминаҳои масирии суъудиро таҷриба кардааст. 
  

Таҳдидоту чолишҳои муштараки Эрону Русия дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба вижаи душмании ошкори Амрико ва аъмоли таҳримҳои золимонаи зидди Теҳрону Маскав, лузуми ҳамгароӣ барои ҳалли мушкилоту рӯёрӯӣ бо сиёсатҳои империалистии Вашингтонро дучандон кардааст . 

 Дар сафари Лавров ба Теҳрони ду санади муҳим байни Эрону Русия имзо хоҳад шуд .

 

Бештар бихонед:

Барчасп