Ҳушдори Толибон ба Амрико: То аввали май Афғонистонро тарк кунед
Сухангӯи Толибон бори дигар таъкид кард, ки мутобиқи тавофуқномаи Доҳа ҳамаи нерӯҳои хориҷӣ бояд Афғонистонро тарк кунанд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид дар паёме навишт, ки бо амал кардан ба тавофуқномаи Доҳа мушкилоти дигар низ ҳал хоҳад шуд.
Сухангӯи Толибон афзуд, ки агар нерӯҳои хориҷӣ натавонанд дар таърихи таъйиншуда (аввали моҳи май) аз кишвари мо хориҷ шаванд, мушкилот бештар хоҳад шуд ва касоне, ки натавонистаанд тавофуқномаро риоят кунанд, масъули ин вазъ хоҳанд буд.
Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи гузашта рӯзномаи амрикоии “Вашингтон пост” ба нақл аз манобеи огоҳ гузориш дод, ки Байден тасмим дорад тамоми низомиёни амрикоиро то 11 сентябр аз Афғонистон хориҷ кунад.
Бар асоси тавофуқи Доҳа миёни Амрико ва Толибон, нерӯҳои хориҷӣ бояд то аввали моҳи май аз Афғонистон хориҷ шаванд.
Бештар бихонед:
- НАТО аз Афғонистон меравад
- Русия бо рӯзи таъйиншуда барои хуруҷи Амрико аз Афғонистон мухолифат кард
- Ҳушдори Толибон ба Амрико дар бораи эҳтимоли вуқӯи ҷанги тамом айёр