Тасвиби тарҳи маҳдудияти фурӯши таслиҳот ба Риёз дар маҷлиси намояндагони Амрико
Маҷлиси намояндагони амрико бомдоди панҷшанбе тарҳи маҳдуд кардани фурӯши таслиҳот ба режими саудиро ба тасвиб расонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи Ҳилл, ин тарҳ, ки бо номи "Қонуни ҳифозат аз мухолифони саудӣ" шинохта мешавад, бо 350 раъйи мувофиқ ва 71 раъйи мухолиф тасдиқ шуд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки маҷлиси сенат чӣ тасмиме дар бораи он мегирад.
Бар асоси ин тарҳ фурӯш ва содироти бархе таҷҳизоти низомии хос ба Арабистони Саудӣ, то замоне, ки Раиси ҷумҳурии Амрико эълом кунад давлати Риёз дигар машғӯли саркуб ва шиканҷаи мухолифон ва боздошти худсаронаи шаҳрвандони амрикоӣ ва хориҷӣ нест, мутаваққиф мешавад.
Ба навиштаи Ҳилл, ин тарҳ баъд аз он дар маҷлиси намояндагон матраҳ ва тасдиқ шуд, ки ҷомеаи иттилоотии Амрико ба ин ҷамъбандӣ расид, ки амалиёти қатли рӯзноманигори арабистонӣ Ҷамол Хошуқчӣ бо таъйиди валиаҳди саудӣ Муҳаммад Бин Салмон анҷом шуд.
Давлати Амрико рӯзи ҷумъа дар бораи қатли мунаққиди саудӣ Ҷамол Хошуқчӣ ва сутуннависи рӯзномаи Вашингтон пост гузорише мунташир кард, ки нишон медод ин террор бо дастури мустақими валиаҳди саудӣ Муҳаммад Бин Салмон анҷом шудааст.
Рӯзноманигори сауди рӯзномаи амрикоии Вашингтон пост Ҷамол Хошуқчӣ, ки дар Амрико зиндагӣ мекард ва мақолаҳои танқидӣ дар бораи валиаҳди Арабистони Саудӣ менавишт, дар октябри 2018 ба дасти авомили саудӣ дар джохили консулгарии Арабистон дар Туркия ба тарзи ваҳшатноке ба қатл расид.
Бештар бихонед: