Октябр 26, 2016 19:47 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонӣ шудани Эрон барои мизбонӣ аз муҳоҷирони афғон

Дар ҳоле ки бархе аз ҷараёнҳои расонаию сиёсӣ дар Афғонистон мекӯшанд, бо ғаразварзӣ дар мавриди шакли рафтори Ҷумҳурии Исломии Эрон бо муҳоҷирини Афғонистон сиёҳнамоӣ кунанд, вазири умури муҳоҷирини Афғонистон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон барои мизбонии миллионҳо муҳоҷири афғон қадрдонӣ кард.

Сайидҳусейн Олимии Балхӣ, ки дар дувумин семинари «Муҳоҷират, чолишҳо ва фурсатҳо» дар Кобул сухан мегуфт, эълом кард, бо вуҷуди бозгашти 600 ҳазор муҳоҷир ҳанӯз ҳам беш аз 2 миллион муҳоҷири афғон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва беш аз 2 миллион тани дигар дар Покистон ба сар мебаранд. Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ, беш аз 7 миллион муҳоҷири афғон дар кишварҳои мухталиф зиндагӣ мекунанд, аммо дар ин миён тамоми ниҳодҳои байналамилалӣ ва давлатмардони афғон танҳо аз мизбонии шоистаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муҳоҷирони афғон қадрдонӣ кардаанд. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, ахиран, дар паёме ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират аз Мақоми муаззами раҳбарӣ ба хотири фармони сабти номи фарзандони муҳоҷирини афғон, ҳатто афроди бидуни санад дар мактабҳои Эрон сипосгузорӣ кард. Филиппо Гранди, комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) ҳам дар дидори ахири худ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳукумату мардуми ин кишвар ба хотири мизбонии шоиста аз муҳоҷирини Афғонистон дар чаҳор даҳаи гузашта қадрдонӣ кард.

Ахиран, бархе аз маҳофили расонаӣ, чун рӯзномаи "Чароғ" дар Афғонистон бо интишори гузоришҳои ғайрвоқеӣ аз шакли зиндагии муҳоҷирини афғон дар Эрон дар садад баромаданд, мардуми Афғонистонро дар ин маврид бадбин кунанд. Аз ин рӯ, қадрдонии мақомоти Ҳукумати Афғонистон ва ниҳодҳои байналамилалӣ аз меҳмоннавозии Эрон аз муҳоҷирини афғон навъе посухгӯӣ ба ин гуна ғаразварзиҳо низ талаққӣ мешавад. Ин дар ҳоле аст, ки бархе аз мақомоти Ҳукумати Афғонистон, аз ҷумла Ирфонуллоҳ Ирфон, муншии парлумони Афғонистон дар семинари «Муҳоҷират, чолишҳо ва фурсатҳо» дар Кобул Иттиҳоди Аврупоро ба бархӯрди дугона бо муҳоҷирини афғон муттаҳам карданд. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон, ахиран, иқдом ба ихроҷи паноҳҷӯёни афғон кардаанд. Ин кишварҳо бо ин далел, ки дархости онон барои пазириш рад шуда, иқдом ба ихроҷи паноҳҷӯёни афғон мекунанд. Аз дидгоҳи мақомҳои Ҳукумати Афғонистон, замоне ки кишварҳои аврупоӣ ба нерӯи корӣ ниёз доранд, аз паноҳҷӯёни афғон истиқбол мекунанд, аммо бар маҳзи такмили корашон иқдом ба ихроҷи соири паноҳҷӯён мекунанд ва онҳо, ҷойгоҳи инсонияшон ҳеҷ арзише барои кишварҳои аврупоӣ надорад.

Мавзӯи дигар дар иртибот ба масъалаи муҳоҷирини афғон аз дидгоҳи давлатмардони Афғонистон, овора шудани мардуми вилоёти мухталифи ин кишвар бар асари ташдиди ҷангу нооромиҳои ахири дохилӣ аст. Шиддат ёфтани ҳамалоти Толибону гурӯҳи террористии ДИИШ боис шудааст, то мардум дар вилоёти мухталиф, аз ҷумла дар Кундуз, Нангарҳор, Урузгон ва Фароҳ аз хонаву кошонаи худ овора шаванд. Нотавонии Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон барои сокин кардани оварагони дохилӣ Кобулро барои пазириши муҳоҷирини хориҷ аз Афғонистон низ бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ кардааст. Ба ҳамин далел мақомоти Ҳукумати Афғонистон, аз ҷумла Муҳаммад Муҳаққиқ бозгардондани паноҳҷӯёни афғонро зулми бузурге дар ҳаққи онон донистаанд. Ба гуфтаи Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини дувуми раиси Шӯрои иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш аз ихроҷи муҳоҷирини афғон бояд бо сармоягузорӣ заминаи кору ҷойгиршавии ононро фароҳам ва баъд ба бозгардондани муҳоҷирин иқдом кунанд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ҳам дар ҳамоиши «Муҳоҷират, чолишҳо ва фурсатҳо» эълом кард, интизори давлати Кобул бозгашти обрӯмандонаи муҳоҷирони афғон ба кишваршон аст.