Иттиҳодияи Аврупо Беларусро таҳрим мекунад
(last modified Tue, 25 May 2021 04:42:02 GMT )
Май 25, 2021 09:42 Asia/Dushanbe
  • Аз ҷумлаи ин таҳримҳо мамнӯъияти истифодаи Беларус аз ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои Иттиҳодияи аврупо аст
    Аз ҷумлаи ин таҳримҳо мамнӯъияти истифодаи Беларус аз ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои Иттиҳодияи аврупо аст

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ба далели иқдоми Беларус дар нишондани ҳавопаймои мусофирбарӣ бо эъмоли маҷмӯае аз таҳримҳо алайҳи ин кишвар мувофиқат кардаанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, аз ҷумлаи таҳримҳое, ки қарор аст эъмол шавад мамнӯъияти истифодаи Беларус аз ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои Иттиҳодияи Аврупо аст. 

Расонаҳо рӯзи якшанбе гузориш доданд як фарванди « Миг - 29 » мутаъаллиқ ба Беларус як ҳавопаймои мусофирбарии  « Ryanair »-ро раҳгирӣ ва онро водор ба фуруди изтирорӣ дар фурудгоҳи Минск кардааст. 

Мақомоти низомии Беларус муддаӣ шуданд, ки ин ҳавопаймои машкук ба таҳдид ба бомбагузорӣ буд ва ҷангандаи Миг - 29 Беларус онро маҷбур ба фуруди изтирорӣ кардааст. 

Дар ҳамин ҳол расонаҳо гузориш додаанд, ки яке аз мусофирони ин ҳавопаймо аз мухолифони давлати Беларус ва гардонандаи яке аз каналҳои телеграм буда ва далели фуруди ҳавопаймо низ ҳамин будааст. 

Кишварҳои аврупоӣ ва Амрико бо ҳимоят аз мухолифон дар Беларус дар талош ҳастанд давлати "Александр Лукашенко " раисҷумҳури ин кишварро аз қудрат барканор кунанд.

 

Бештар бихонед: