Ҳимояти Шӯрои амният аз интихоби дубораи Антониу Гутерриш ба унвони дабири кулли СММ
(last modified 2021-06-09T06:44:43+00:00 )
Июн 09, 2021 11:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Шӯрои амният аз интихоби дубораи Антониу Гутерриш ба унвони дабири кулли СММ

Аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз интихоби дубораи Антониу Гутерриш ба унвони дабири кулли ин созмон ҳимоят карданд.

Сафири Эстония дар СММ рӯзи сешанбе эълом кард, аъзои Шӯрои амният ба 193 узви Маҷмаи умии СММ тавсия кардаанд то аз интихоби Гутерриш барои як давраи панҷсолаи дувум ҳимоят кунанд.

Вай хотирнишон кард, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар 18 июн эҳтимолан барои ин мавзӯ ҷаласа баргузор мекунад.

Дар ҳамин ҳол, “Бломберг” эълом кард, ҳимояти кунунии 15 узви Шӯрои амният аз Гутерриш дар воқеъи ҳукми таъйиде бар мансуб шудани дубораи вай ба мақоми дабири кулли СММ аст.

Давраи панҷсолаи дабири кулии Гутерриш 31 декабр ба поён мерасад. Вай дар якуми январи 2017 аз сӯи аъзои Маҷмаи умумии СММ ба унвони дабири кулли ин созмон баргузида шуд.

Гутерриш моҳи гузашта эълом карда буд, бори дигар барои расидан ба мақоми дабири куллии СММ номзад хоҳад шуд.

 

 

Барчасп