Вокуниши Дания ба эҳтимоли иқдоми Толибон дар эҷоди давлати ҷадид дар Афғонистон
(last modified 2021-09-04T07:34:10+00:00 )
Сентябр 04, 2021 12:34 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Дания ба эҳтимоли иқдоми Толибон дар эҷоди давлати ҷадид дар Афғонистон

Ҳамзамон бо ташдиди гумоназаниҳо дар бораи иқдоми қарибулвуқуъи Толибон барои ташкили давлати Афғонистон, вазири умури хориҷаи Дания ҳар гӯна ба расмият шинохтани ин давлатро рад кард.

Йеппе Кофод, вазири умури хориҷаи Дания дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии «DR» ин кишвар дар бора эҳтимоли иқдоми Толибон дар эҷоди давлати ҷадид дар Афғонистон эълом кард, Дания ба унвони узви НАТО ва Иттиҳоди Аврупо, давлат ба раҳбарии Толибон дар Афғонистонро ба расмият нахоҳад шинохт.

Дания дар ҷанги 20 солаи ишғолгарона ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон мушорикат дошт ва ахиран ба дунболи тасаллути Толибон бар бахши аъзами Афғонистон аз ин кишвар хориҷ шуд.

Кофод дар идома изъон кард, Дания нигарон аст, ки «пешрафте, ки мо дар натиҷаи ду даҳа талош дар Афғонистон эҷод шудааст» аз байн биравад.

Таъкиди вазири хориҷаи Дания бар радди машруияти давлати Толибон дар ҳоле аст, ки дар рӯзҳои ахир гумоназаниҳои зиёде дар бораи эъломи қарибулвуқӯъи ташкили ин давлат матраҳ шудааст.

Билол Каримӣ,  яке аз сухангӯёни Толибон дар вокуниш ба ин гумоназаниҳо ба хабаргузории Спутник эълом кард, ки ҳануз таърихи дақиқи эъломи ташкили давлати ҷадиди Афғонистон мушаххас нашудааст

Билол Каримӣ ҳамчунин хабарҳо дар бораи инки қарор аст Мулло Абдулғанӣ Бародар, раиси давлати ҷадиди Афғонистон шавадро таъйид ё такзиб накард.

 

Барчасп