330 ҳазор кӯдаки фаронсавӣ қурбонии даҳҳо сол сӯиистифодаи ҷинсии калисои католик
(last modified Tue, 05 Oct 2021 15:00:02 GMT )
Октябр 05, 2021 20:00 Asia/Dushanbe
  • 330 ҳазор кӯдаки фаронсавӣ қурбонии даҳҳо сол сӯиистифодаи ҷинсии калисои католик

Гузориши як ҳайати таҳқиқии мустақил нишон медиҳад, ки дар 70 соли гузашта ҳудуди 330 ҳазор кӯдак қурбонии озору азияти калисои католики Фаронса ва ниҳодҳои вобаста ба он будаанд.

Жан Марк Сов, раиси ҳайати мустақили таҳқиқ аз фасоди ахлоқии калисои католики Фаронса рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи Си Эн Эн хабар дод, ки аъзои рӯҳонии ин ниҳоди динӣ тайи ҳафт даҳаи гузашта аз даҳҳо кӯдак сӯиистифодаи ҷинсӣ кардаанд.

Бар асоси ёфтаҳои гузориши ҳайати мазкур, тахмин зада мешавад, ки 216 ҳазор кӯдак аз нимаи қарни бистум то соли 2020 мавриди озору азият қарор гирифта бошанд. Ин теъдод бо эҳтисоби қурбониёни сӯиистифодакунандагони ғайрирӯҳонии муртабит бо калисо, монанди мадориси католик, ба ҳудуди 330 ҳазор қурбонӣ афзоиш меёбад.

Ба гуфтаи Сов, кӯдакон дар калисои католик бештар аз мадориси давлатӣ, урдӯҳои тобистонӣ ё ҳар муҳити хориҷ аз хонавода мавриди сӯиистифода қарор мегиранд.

Сов ба Си Эн Эн гуфт: Калисо вақте аз сӯиистифодаҳо мутталеъ шуд, сахтгириҳои лозимро барои муҳофизат аз кӯдакон дар баробари мутаҷовизин иттихоз накард.

Пештар эълом шуда буд, ки натоиҷи таҳқиқоти ин ҳайат нишон медиҳад, ки кӯдакон ҳадафи озори дастикам 2 ҳазору 900 то 3 ҳазору 200 кашиш ё соири аъзои калисо будаанд.

Гузориши 2 ҳазору 500 сафҳаии ҳайат пас аз дувуним сол таҳқиқ дар бойгонии калисо, савобиқи додгоҳҳо, парвандаҳои полис ва мусоҳиба бо шоҳидон ҷамъоварӣ шудааст.

Ин ҳайати мустақил дар соли 2018 мелодӣ тавассути калисои католики Фаронса ва дар вокуниш ба чандин расвоӣ, ки ин кишвар ва саросари ҷаҳонро такон дод, эҷод шуд.

22 коршиноси ҳуқуқӣ, пизишк, муаррих, ҷомеашинос ва мутахассиси илоҳиёт дар ин ҳайат узвият доранд.