Октябр 09, 2021 16:26 Asia/Dushanbe
  • Шайх Закзокӣ : Шаҳодати Имом Ризо ( ъ ) ба намоди муқовимат табдил шудааст

Раҳбари ҷумбиши исломии Нигерия шаҳодати ҳазрати Имом Ризо ( ъ )-ро намоди муқовимат хонд ва таъкид кард : Имрӯз душманони ислом дар ҳоли ақибнишинӣ аз сарзаминҳои исломианд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шайх Иброҳими Закзокӣ рӯзи ҷумъа дар паёми видеоӣ ба шашумин иҷлоси муҷоҳидон дар ғурбат, ки дар Теҳрон баргузор шуд, афзуд : Имом Ризо ( ъ ) бо мулҳидину тафаккуроти ғалат ҷангид ва мунозираҳое бо мазоҳиби мухталиф дошт ва ҳамаи ононро мағлуб кард ва дар ниҳоят ба шаҳодат расид .
Вай бо баёни инки имрӯз ҷиҳоди Имом Ризо ( ъ таҷаллӣ пайдо кардааст ва моро дар ҷанги тафаккур, ақида ва ҳатто силоҳ ёрӣ мекунад, тасреҳ кард : Дар гузашта душманони ислом сарзаминҳои зиёде аз мусулмононро ишғол кардаанд, аммо имрӯз душман дар ҳоли ақибнишинӣ аст .
Вай изофа кард : Муқовимати мусулмонон дар саросари дунё нишон дод, ки ҷанг алайҳи ақида ва ҷанги майдонӣ, ҷавоб надодааст; аз ин рӯ дар солрӯзи шаҳодати Имом Ризо ( ъ ) пирӯзии муқовиматро ҷашн мегирем .
Шайх Закзокӣ бо эъломи ҳамбастагии худ бо муҷоҳидони Фаластин, Кашмир, Баҳрайн ва Яман хостори озодии Масҷидул-ақсо шуд .

 

Барчасп