Ноябр 21, 2021 11:07 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи генерали амрикоӣ : Дар фанноварии фаросавт  ба андозаи Чин ё Русия пешрафта нестем

Эътирофи генерали амрикоӣ : Дар фанноварии фаросавт ба андозаи Чин ё Русия пешрафта нестем Генерали чаҳорситораи неруи фазоии Амрико бо иқрор ба ақибмондагии ин кишвар дар фанноварии мӯшакҳои фаросавт дар муқоиса бо Чину Русия гуфт: Ин амр барои амнияти миллии Амрико таҳдиди воқеӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи « Политико », генерал Дэвид Томпсон-муовини бахши амалиётҳои фазоӣ дар неруи фазойии артиши Амрико бомдоди якшанбе дар мусоҳибае тасреҳ кард : « Мо бояд хеле фаврӣ худамонро ба Чин ва Русия бирасонем, зеро чиниҳо як барномаи мушакии фаросавти боварнакарданӣ доранд . Ин як таҳаввули бисёр нигаронкунанда аст ва мушкили ҳушдори роҳбурдиро бисёр печида мекунад » .
Томпсон дар идома изҳор дошт, ки мӯшакҳои фаросавт дар ҳоли тағйири қавоиди бозӣ дар ҳавзаи дифо ва амнияти миллӣ ҳастанд .

Пеш аз ин нашрияи «Financial Times» ба нақл аз манобеи иттилоотӣ гузориш дод, ки Чин дар тобистони имсол ду бор мӯшаки фаросавт озмоиш карда, ки дорои фанноварие буданд, ки Амрико дар ҳоли ҳозир аз он бархурдор нест .

  • Тейлор Фравелл-коршиноси сиёсатҳои Чин дар ҳавзаи силоҳҳои ҳастаӣ низ гуфт, ки як мӯшаки фаросавти муҷаҳҳаз ба кулоҳаки ҳастаӣ метавонад ба Чин кумак кунад то аз системаҳои дифои мушакии Амрикоро, ки барои нобудии мӯшакҳои болдори ҷадид тарроҳӣ шудааст ,пеш бигзарад .

Ҷон Ҳойтен-муовини раиси Ситоди муштараки артиши Амрико ахиран дар хусӯси озмоиши таслиҳоти фаросавти Чин гуфт : Чиниҳо як мӯшаки дурбурд партоб карданд,ки давродаври ҷаҳонро паймуд ва ба ҳадафе дар Чин бархурд кард .
Ин дар ҳоле аст, ки Жао Лисзян-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Чин чунин озмоишеро рад карда ва гуфта буд : Чин фақат як фазопайморо озмоиш кард.

 

Барчасп