Таъкиди раиси Комиссиони Аврупо бар иҷборӣ шудани ваксинатсиян корона
Раиси Комиссиони Аврупо бо таваҷҷуҳ ба густариши навъи ҷадид ва хатарноки вируси корона ба номи Омикрон дар ин қора бар иҷбори кардани ваксинатсияи корона дар Аврупо таъкид кард.
Урсула фон дер Ляйен гуфт: Иттиҳодияи Аврупо бояд аз ҳамин ҳоло дар хусуси ваксинатсияи иҷбории корона ба баҳсу гуфтугу бипардозад.
Раиси Комиссиони Аврупо бо баёни инки навъи ҷадиди Омикрон нигаронкунандааст хотирнишон кард, ҳануз ҳудуди як сеюми шаҳрвандони Аврупо зидди вируси корона ваксинатсия нашуданд.
Дар ҳоле, ки кишварҳои Аврупо ба шиддат даргири мубориза бо мавҷи нави корона ҳастанд, хабари пайдоиши навъи ҷадиди ин вирус ба номи Омикрон чолиши ҷадидеро барои мақомоти ин қора эҷод кардааст.
- 5 ваксинаи эронӣ дар феҳристи номзадҳои ваксинаи Ковид -19 –и Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт
- Воксани эронии «Розӣ Ковпорс» 9 то 12 моҳ эминзоӣ дорад
Аврупоиҳо нигарон ҳастанд, навъи ҷадиди корона, яъне Омикрон дар ин қора ба суръат густариш пайдо кунад.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштӣ навъи Омикрони коронаро нигаронкунанда тавсиф кард ва ҳушдор додааст, ки навъи ҷадид метавонад зудтар аз навъҳои дигари вируси корона мунтақил шавад.