Муҳаққиқони Италия ва кашфе, ки мумкин аст боиси таҳаввул дар набард алайҳи COVID-19 шавад
(last modified 2021-12-09T06:41:30+00:00 )
Декабр 09, 2021 11:41 Asia/Dushanbe
  • Муҳаққиқони Италия ва кашфе, ки мумкин аст боиси таҳаввул дар набард алайҳи COVID-19 шавад

Донишмандони Италияи мегӯянд ба кашфе даст ёфтаанд, ки метавонад таҳаввули умдае дар роҳи муқобила бо интишори карона эҷод кунад.

Се донишманди муассисаи фанноварии Италия, мадрасаи олии Сант Анна ва донишгоҳи Милан дар хусуси гирандаҳои энзими мубаддил Ангиотензин (ACE2) таҳқиқ карданд.

Онҳо дарёфтанд ин гирандаҳо метавонанд мунҷар ба тавлиди доруҳои ҷадиде шаванд, ки қодиранд монеъи вуруди вирус ба селлулҳои бадан шаванд.

Ҳадафи ин пажуҳиш эҷоди монеъ бар сари роҳи ибтило ба ковид ва низ интишори сариъи он дар даруни селлулҳои инсонӣ аст. Ин пажуҳиш, ки дар маҷаллаи илмии Pharmacological Research интишор ёфт шоҳиди фаъолияти ҳамзамони ин се марказ буда аст.

Донишмандони ёд шуда муваффақ шуданд аввалин гомро барои ончӣ мумкин аст ба як дору табдил шавад, бардоранд. Бо истифода аз як Аптамер ДНК, ки қодир аст ба шакли хосе ба амину асиди K353 муттасил шавад ва коре кунад, ки протеини спайки ҳар навъи вируси карона қодири дастёбӣ ба он набошад ва ин гӯна монеъи даргир шудани селлулҳо шавад.

наметавон аз ин доруи мавриди назар дар ҳар замон аз ибтило истифода кард, ки қатъан агар дар ибтидо масраф шавад беҳтар аст. Ба таври назарӣ бояд то дармони комил истифода шавад. Донишмандон тавзеҳ доданд, ки аптамер коре ба будан ё набудани ҷаҳишҳо надорад ва бинобарин метавонад барои тамомии анвоъи суяҳо истифода шавад.

Ба иборате ҷаҳишҳо ба вурудии селлулҳо коре надоранд ва ин дору мумкин аст дар мавриди ҳар гунаи вируси карона, ки аз протеини спайк барои вуруд ба селлулҳои инсонӣ истифода мекунад, муассир бошад.