Таҳлил: Ҳушдори Русия ба Олмон дар бораи сиёсӣ кардани хати лулаи гази Норд Стрим - 2
(last modified 2022-01-19T07:42:38+00:00 )
Январ 19, 2022 12:42 Asia/Dushanbe
  • Ин хати лула қарор аст солона 55 миллиорд метри муъакаб гази Русияро ба Олмон содир кунад.
    Ин хати лула қарор аст солона 55 миллиорд метри муъакаб гази Русияро ба Олмон содир кунад.

Вазорати хориҷаи Русия дар вокуниш ба суханони вазири хориҷаи Олмон дар бораи табаоти "ҳамла ба Украина" ва таъсири он бар хати лулуаи гази Норд Стрим - 2 дар хусуси сиёсӣ кардани ин пуружа ҳушдор дод.

Ин Вазоратхона эълом кард, Русия ҳамаи муқаррароти мавриди ниёз барои дарёфти муҷавизи оғози интиқоли газ аз хати лулуаи Норд Стрим - 2-ро риоят хоҳад кард ва Маскав умедвор аст, ки ин раванд ба таъхир наафтад ё сиёсӣ нашавад.

Баёнияи Вазорати хориҷаи Русия ба дунболи изҳороти Анналена Бербок, вазири хориҷаи Олмон матраҳ шуд, ки тайи он, ин мақоми аршади олмонӣ ба Маскав дар бораи табаоти шадиди таниш бо Украина ҳушдор дод.

Бербок бо такрори иддаои ғарбиҳо дар бораи ҳамла ба Украина ҳушдор дод, чунин иқдоме барои Русия табаоти ҷиддии сиёсӣ ва иқтисодӣ дошта ва Берлин низ иқдомоти лозимаро дар қиболи Норд Стрим - 2 анҷом хоҳад дод.

Вазири хориҷаи Олмон тасреҳ кард: Таҳрими хати лулаи интиқоли гази Норд Стрим - 2 метавонад  бахше аз посухи Олмон ба иқдомоти низомӣ алайҳи Украина бошад.

Ба назар мерасад, давлати эътилофии ҷадиди Олмон дар бораи иқдомоти ҳамоҳанг дар қиболи Маскав дар сурати ҳамлаи идаоии Русия ба Украина бо дигар тарафҳои  аврупоии узви НАТО ва Амрико ба тавофуқ расидаанд.

Дар рӯҳзои ахир мақомоти аршади олмонӣ ҳушдорҳо ба Русияро афзоиш додаанд. Дар ин росто Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон ба мақомоти аршади Русия ҳушдор дод, ҳар гуна ҳамлаи низомӣ ба Украина, паёмадҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷуброннопазире ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Садри аъзами Олмон ишораи мустақим ба чигунагии посухи ин кишвар ба Русия накард, вале изҳороти вазири хориҷаи ин кишвар ва таҳдиди мустақим дар бораи Норд Стрим - 2 аз ҷумлаи посухҳои Берлин хоҳад буд. Ин мавзеи садри аъзами Олмон бар хилофи мавзеи  қаблии вай дар ин замина аст.

Олаф Шолтс дар аввалҳои рӯйи кор омаданаш дар миёнаҳои декабри 2021 тарҳи  гази Норд Стрим - 2-ро як мавзуи муртабит бо бахши хусусӣ дониста ва ҳар гуна тасмимгирии сиёсӣ дар бораи он бо таваҷҷуҳ ба маноқишот бо Русия бар сари Украинаро рад карда буд.

Шолтс ҳамчунин бар хилофи иддаои Амрико, ин тарҳро масъалаи комилан мутафовит ва ҷудогона аз талошҳои кунунӣ барои ҷилавгирӣ аз нақзи ҳокимияти Украина донист.  Бо ин ҳол, Шолтс акнун бо чархиши 180 дараҷаӣ дар мавозеи пешини худ, бар посухи сахти Берлин ба ҳар гуна иқдоми низомии эҳтимолии Маскав алайҳи Украина таъкид мекунад.

Констанца Стелзенмулер, коршиноси сиёсӣ мегӯяд: Ҳар гуна иқдоми билқувваи Олмон алайҳи Русия монанди таҳрими ниҳодҳои русӣ, қатъи СВИФТ-и Русия ва лағви амалӣ шудани хати лулаи Норд Стрим - 2 барои давлати Шолтс аз назари молӣ ва сиёсӣ пурҳазина хоҳад буд.

Хати лулаи гази Норд Стрим - 2 ,ки қарор аст гази Русияро аз тариқи дарёи  Балтика ба шимоли Олмон ва аз он ҷо ба соири нуқоти Аврупо бирасонад, дар 10 сентябри соли 2021 такмил шуд. Ин хати лула қарор аст солона 55 миллиард метри мукааб гази Русияро ба Олмон содир кунад. Русия гуфтааст, замони шуруи интиқоли газ аз тариқи ин хати лула ба Олмон, ба тарафи олмонӣ бастагӣ дорад. Ожонси федералии шабакаи гази Олмон бояд дар бораи оғози баҳрабардорӣ аз ин хати лула тасмимгирӣ кунад.

Давлати эътилофии Олмон дар мавриди Норд Стрим - 2 дучори ихтилоф аст, ба тавре, ки сотсиал- демократҳо аз ин тарҳ ҳимоят мекунанд, зеро пас аз таътилии нерӯгоҳҳои ҳастаӣ ва ангиштсанг дар Олмон, ин кишвар ба дунболи гази табиӣ аст, аммо Сабзҳо, ки яке аз шарикони ин эътилоф ҳастанд, бо ин хати лула мухолифат меварзанд.

Дар айни ҳол, метавон гуфт, ки Олмон аз ин мавзуъ ба унвони фишор алайҳи Маскав истифода мекунад. Ин хати лула муддатҳо аст, ки аз тарафи Амрико ва бархе ҳампаймонони аврупоие монанди Лаҳистон ва низ Украина мавриди интиқоди шаддид қарор гирифтааст. Баҳонаи Вашингтон барои мухолифат бо ин тарҳи газӣ, афзоиши вобастагии газии Аврупо ва аз даст додани чанд миллиард доллар ҳаққи транзити газ аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп