Нахустин бор дар таърихи Аврупо, афзоиши нархи газ ба ҳудуди 4 ҳазор доллар
(last modified 2022-03-07T17:08:26+00:00 )
Март 07, 2022 22:08 Asia/Dushanbe
  • Нахустин бор дар таърихи Аврупо, афзоиши нархи газ ба ҳудуди 4 ҳазор доллар

Нархи газ дар Аврупо ба болотарин сатҳ ва барои нахустин бор дар таърих ба беш аз се ҳазору 900 доллар дар ҳар ҳазор метри мукааб расид.

"Россия сегодня" дар гузорише эълом кард: Бо вуҷуди арзаи собити газ аз сӯи Русия, нархи сӯхт дар Аврупо беш аз 79 дарсад афзоиш ёфта аст.

Нархи газ дар Аврупо рӯзи душанбе ба беш аз се ҳазору 900 доллар дар ҳар ҳазор метри мукааб расид.

Нархи сӯхт ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст, зеро бозигарон дар бозор дар иртибот бо фарҷоми амалиёти низомии Русия дар Украина ибрози нигаронӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол ширкати "Газпром", ғули энежии давлати Русия ва содир кунандаи бузурги газ рӯзи душанбе эълом кард, ба арзаи гази Русия ба таври маъмул идома медиҳад.

Сергей Купрянов, намояндаи расмии "Газпром" дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт: Ширкати "Газпром" ҳамчунон ба интиқоли гази Русия аз тариқи хоки Украина барои масрафкунандагони аврупоӣ идома медиҳад ва ин мизон ҳамонанди шароити оддӣ 109,6 миллион метри мукааб барои рӯзи ҳафтуми моҳи март таъин шуда аст.

Бо ин ҳол, нигарониҳо дар ин бора вуҷуд дорад, ки буҳрони Украина мумкин аст ба далели осеб дидани эҳтимолии хатҳои лӯлаи интиқоли газ ё таҳримҳои эъмолшуда зидди Маскав тавассути кишварҳои ғарбӣ ба таваққуфи раванди интиқол ва арзаи газ аз сӯи Русия мунҷар шавад.

Бӯҳрони Украина кишварҳои қораи Аврупоро ба фикр андохта аст, то дар соли 2022 нахустин зимистони бегази Русияро таҷруба кунанд. Ин амалиёт бисёр сахт аст ва пурҳазина арзёбӣ шуда аст ва ба барномарезии дақиқ ва мушорикати давлатҳо дар канори сарфаҷӯии шаҳрвандони қораи сабз ниёз дорад.

Таҳлилгарони ҳавзаи энержӯ бар ин боваранд, ки гази моеъи Амрико, Қатар ва Австралия дар канори содироти гази Норвегия, ба сахтӣ метавонад ҷойгузини 300 миллиард метри мукааб гази Русия шаванд ва қораи сабз ҳадди ақалл то 10 соли оянда ниёзманди гази ин кишвар аст.

Кишварҳои аврупоӣ ба далелҳои гуногун ҳамеша ба дунболи коҳиши вобастагии худ ба воридоти гази табиъӣ аз Русия буданд, аммо дастёби ба ин ҳадаф бисёр сахт буда аст ва Русия ҳудуди 40 дарсад аз гази масрафии Иттиҳодияи Аврупоро таъмин мекунад.

Нархи нефт низ бо вуҷуди идомаи бӯҳрони Украина ва тасмими ғарб барои таҳрими Русия, ба мизони бесобиқа афзоиш ёфт. Нархи нефт дар бозорҳои осиёӣ дар рӯзи душанбе ба 128 доллар дар ҳар бушка афзоиш ёфт, ки 83 доллар афзоиш дар ҳар бушкаро нисбат ба моҳи январ нишон медиҳад. Нефти брент ҳам ба ҳудуди 140 доллар дар ҳар бушка расид.

 

Барчасп