Июн 16, 2022 08:40 Asia/Dushanbe
  • Douhan: Таҳримҳои якҷониба мӯҷиби тазъифи иқтидори СММ мешавад
    Douhan: Таҳримҳои якҷониба мӯҷиби тазъифи иқтидори СММ мешавад

Alena Douhan, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умӯри таъсироти манфии иқдомоти якҷониба дар мусоҳибае, иддаои давлати Амрико мабнӣ бар инки маводи ғизоӣ ва доруӣ аз шумӯли таҳримҳо маоф ҳастандро рад карда ва изҳор дошт ин таҳримҳо бар таъмини дору асаргузор аст.

Alena Douhan аз 7 то 18 майи 2022 барои арзёбии таҳримҳои якҷонибаи зидди эронии Амрико ба Эрон сафар кард. Ӯ нахустин гузоришгаре буд, ки баъд аз 17 сол ба Эрон сафар карду арзёбии худро нисбат ба таъсироти таҳримҳои золимонаи Ғарб бар зиндагии мардуми Эрон дар ихтиёри мақомоти Созмони Милали Муттаҳид қарор дод.

Alena Douhan бо ишора ба иддаои Амрико мегуяд: «Дар теории бале, ҳамаи асноди марбӯт ба таҳмили таҳримҳо алайҳи Эрон, имкони истиснои башардӯстонаро дар мавриди маводи ғизоӣ ва доруӣ медиҳад. Аммо дар воқеият, чунин чизе рух намедиҳад ва ҳатто ожонсҳои СММ низ наметавонанд кумакҳои пизишкии лозимро ироа кунанд.»

Яке аз мисолҳое, ки ӯ дар заминаи таҳрими доруӣ зикр намуд, мушкилоти адами дастрасии беморони парвонаӣ ба понсмонҳои махсӯс аст, ки боиси ҷон бохтан бархе мешавад. Пеш аз ин низ бархе аз коршиносону гузоришгарон, гузоришотеро дар бораи таҳримҳои Амрико ва муъзалоти беморони парвонаӣ дар Эрон мунташир карданд.

Таъкиди дубораи ин мақоми аршади Созмони милал дар бораи  пайёмадҳои ғайри инсонӣ ва золимонаи таҳримҳои як ҷонибаи Амрико алайҳи Эрон бавижа дар бахшҳои пизишкӣ ва доруӣ нишонгари моҳияти зиди ҳуқуқи башарии сиёсатҳои Вашингтон алайҳи кишварҳои мухолифи султаи Амрико монанди Эрон аст, ки ҳозир ба таслим дар баробари хостаҳои ғайри мантиқӣ ва ғайри қонӯнии Вашингтон нашудааст. Дар ин замина гузоришгарони вижаи Созмони милал дар умӯри ҳуқуқи башар дар октябри 2021 дар гузорише бо ишора ба мушкилоте, ки бархе беморон дар Эрон барои дастрасӣ ба дору ва таҷҳизоти дармонии мавриди ниёзи худ дар натиҷаи таҳримҳои Амрико бо он мувоҷеҳанд, таъкид карданд, ки ин таҳримҳо монеъи бархӯрдории ин беморон аз ҳуқуқи башар, бавижаи ҳаққи саломат мешавад.

Коршиносони Созмони милал дар ин гузориш далели ба вуҷӯд омадани ин вазъият барои беморон дар Эронро таҳримҳои Амрико ва тарси ширкатҳо ва бонкҳои хориҷӣ аз муҷозоту иқдомоти танбеҳии ниҳодҳои амрикоӣ дар сӯрати таъомул бо Эрон эълом карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки Амрико бо вуҷӯди гузоришҳо ва мустанадоти мунташира, эълом кардааст, содироти таҷҳизоти пизишакӣ ва дору ба Эрон бовуҷуди таҳримҳо алайҳи ин кишвар биломонеъ аст.

Саидаҳмади Фотиминажод, устоди улӯми сиёсӣ мегуяд: Беморон, қурбонии аслии таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ҳастанд, лизо бояд умқи фоҷеъаи инсонии шаклгирифта ба воситаи таҳримҳои золимона ба гӯши ҷаҳониён рисонда шавад.

Иёлоти муттаҳида бузургтарин кишвари таҳримкунанда дар ҷаҳон маҳсӯб мешавад ва дар ростои аҳдофи сиёсати хориҷии худ бештарин собиқаро дар эъмоли анвоъи таҳримҳо алайҳи дигар кишварҳо дорад. Ин таҳримҳо ба баҳонаи мухолифат бо сиёсатҳо ва иқдомоти Амрико ё бо иддаои таҳдиди манофеи он аз сӯи кишварҳои мавриди таҳрим анҷом мегирад.

Вашингтон ҳатто дар давраи ҳамагирии вируси корона, ки вазъияти вахиме дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Эрон ба лиҳози иқтисодӣ ва беҳдоштӣ ба вуҷӯд омад, ба манзури расидан ба аҳдофи худ бо шиддати ҳарчӣ тамомтар таҳримҳоро алайҳи мардуми Эрон идома додааст.

Теҳрон борҳо эълом карда, ки иқдомоти хасмона ва якҷонибаи Амрико алайҳи мардуми Эрон боис шуда то дар давраи ҳамагирии корона, имкони дастрасӣ ба дору ва таҷҳизоти мавриди ниёзи дармонӣ бо мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ шавад. Созмони милал низ борҳо ба интиқод аз эъмоли таҳримҳои якҷониба тавассути Амрико бавижа дар давраи ҳамагирии вируси корона ва бемории Ковид 19 пардохта ва хоҳони лағв ва ё коҳиши онҳо ба манзури тасҳили дастрасии кишварҳои мавриди таҳрим ба ақломи асосӣ, пизишкӣ ва доруӣ шудааст.

Alena Douhan мегуяд, таҳримҳои якҷониба мӯҷиби тазъифи иқтидори Созмони Милали Муттаҳид, тарс дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳокимияти қонӯн мешавад.

Баназар мерасад, бо таваҷҷуҳ ба асароти мухарриби таҳримҳои якҷонибаи Амрико, бархӯрди якпорчаи кишварҳои мавриди таҳрим ва Созмони милал дар ин замина зарурат дорад то Вашингтонро ночор ба таҷдиди назар дар сиёсатҳои таҳримии зидди инсонии худ намояд.

Бештар бихонед:

Барчасп