Июн 26, 2022 17:31 Asia/Dushanbe
  • Поёни ҳафтаи дувуми лиги миллатҳои валибол
    Поёни ҳафтаи дувуми лиги миллатҳои валибол

Тақобули тимҳои валиболи Ҷопон ва Фаронса бо бартарии фаронсавиҳо дар ҳафтаи дувуми лиги миллатҳои валибол ба поён расид.

Ба гузориши хабарнигории Ҷавон, тимҳои миллии валиболи Ҷопон ва Фаронса дар чорчуби рақобатҳои ҳафтаи дувуми лиги миллатҳои валиболи 2022 ба масофи ҳам рафтанд, ки дар поёни ин дидор Ҷопон натиҷаро 3 бар сифр ба Фаронса вогузор кард.

Ин дидор дар сети аввал бо натиҷаи 25 бар 22, дар сети дувум бо натиҷаи 27 бар 25 ва дар сети севум низ бо натиҷаи 25 бар 16 ба суди Фаронса ба поён расид.

Бо касби ин натиҷа Фаронса дар маҷмуъи 6 дидор 18 имтиёзи шуданд ва дар радаи нахусти радабандии ин рақобатҳо қарор гирифтанд. Ҷопон бо 15 имтиёз дар радаи севум қарор гирифта аст.

 

Барчасп