Таъкиди сафири Эрон дар Украина бар поёни ҷанги ин кишвар бо Русия
(last modified 2022-07-01T16:01:48+00:00 )
Июл 01, 2022 21:01 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди сафири Эрон дар Украина бар поёни ҷанги ин кишвар бо Русия

Сафири Эрон дар Украина мухолифат бо ҷанг ва зарурати поёни он аз роҳи дипломатияро аз сиёсати Ҷумҳурии исломии Эрон унвон кард.

Ҷанги Русия ва Украина 24 феврал оғоз шуд, ҷанге ки Русия бо ҳадафи халъи силоҳи Украина оғоз кард.

Амрико ва кишварҳои ғарбӣ низ бо ирсоли таслеҳот барои Украина ба ин ҷанг доман задаанд.

Русия ҳушдор додааст, таҷҳизоти низомӣ, ки Амрикову Аврупо дар ихтиёри Украина қарор медиҳанд, муҷиби ташдиди муноқиша дар ин кишвар мешавад ва паёмадҳои ғайриқобили пешбинӣ ба дунбол дорад.

Манучеҳри Муродӣ, сафири Эрон дар Украина дар твитте навишт: “Мухолифат бо ҷанги Украина ва зарурати поёни ҳарчӣ зудтари он аз масири дипломатия аз авлавиятҳои асосии сиёсати хориҷии ҷумҳурии исломӣ аст”.

 

Барчасп