Маранди: Тавофуқи Амрико бо Эрон кори ҳушмандонае барои пешгири аз бӯҳрони энерги аст
(last modified 2022-07-17T12:28:11+00:00 )
Июл 17, 2022 17:28 Asia/Dushanbe
  • Маранди: Тавофуқи Амрико бо Эрон кори ҳушмандонае барои пешгири аз буҳрони энержи аст
    Маранди: Тавофуқи Амрико бо Эрон кори ҳушмандонае барои пешгири аз буҳрони энержи аст

Таҳлилгари аршади масоили сиёсӣ тавофуқи Амрико бо Эронро кори ҳушмандона барои пешгири аз бӯҳрони энерги дар кишварҳои ғарбӣ донист.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммади Маранди, таҳлилгари аршади сиёсӣ ва мутолеъоти Амрико афзӯд Эрон мойил ба тавофуқ бо Амрико аст, аммо амрикоиҳо бояд имтиёзоте бидиҳанд зеро наметавонанд ҳамаи чизро бо ҳам бихоҳанд.

Ин коршиноси масоили сиёсӣ афзӯд: Расонаҳои ғарбӣ муддаи шуданд, ки тавофуқ бо Эрон ба далели дархостҳои Теҳрон барои ҳазфи номи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз феҳрасти созмонҳои террористӣ Амрико ба бунбаст хурд дар ҳоле ки ин мавзуъ ҳаргиз пеш шарт барои Эрон набуда аст.

Ба гуфтаи ин таҳлилгари масоили сиёсӣ Амрико дар мавқеъияти қави барои иқдом зидди Эрон нест ва аз ин ру беҳтарин гузина барои онҳо дастёбӣ ба як тавофуқ ва вуруди нафти хоми Эрон ба бозори Аврупо аст.

Ба навиштаи хабаргузории Спутник Эрон аз ноябри соли 2021 дар музокирот бо Амрико ва муттаҳидони ғарбиаш ҳазфи тамоми таҳримҳои золимонаро хостор аст, ки монеъи иҷрои комили тавофуқи ҳастаӣ ба унвони пешшарти ҳар тавофуқе мешавад.

Спутник навиш: Бар асоси баровардҳо Эрон дорои захираҳои қатъии 157 миллиард бушкае аст ки 10 дарсади кулли захираҳои нафтро ташкил медиҳад муъодили 13 дарсад чизе, ки кишварҳои ОПЕК барои ироа доранд.

Ба далели таҳримҳои Ғарб Аврупо аз соли 2021 нафти Эронро таҳрим кардааст, дар посух Теҳрон хадамоти худро дар Осиё ироа кард тоҷое, ки муштариёни вафодори худро дар Чин ва Ҳинд пайдо кардааст.

Пас аз оғози ҷанг дар Украина аз 24 феврали гузашта Амрико ва муттаҳидони ғарбии он таҳримҳои зиёдеро зидди Русия эъмол карданд.

Ин иқдомот нархи нафтро боло бурд ва Амрикоро водор ба ҷустуҷуи роҳи ҳал карда аст.

 

Барчасп