Тафсир. Дархости Чин аз Амрико барои таваққуфи фаврии ҳамкории низомӣ бо Тайван
(last modified 2022-09-07T15:11:45+00:00 )
Сентябр 07, 2022 20:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Чин ба Амрико дар бораи ҳамкории низомӣ бо Тайван
    Ҳушдори Чин ба Амрико дар бораи ҳамкории низомӣ бо Тайван

Вазорати дифои Чин зимни маҳкум кардани фурӯши таслеҳоти ҷадиди Амрико ба ҷазираи Тайван, аз Вашингтон хост, фавран тамоси низомии худро бо Тайбей мутаваққиф кунад.

Ин дархост пас аз он матраҳ мешавад, ки манобеи хабарӣ аз тасмими Амрико барои фурӯши беш аз як миллиард доллар адавоти низомии ҷадид ба Тайван хабар додаанд.

Фурӯши ин бастаи таслеҳотӣ ба Тайбей як моҳ баъд аз сафари ҷанҷолии Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван анҷом мешавад.

Пас аз шикасти ҷанги тиҷории Амрико бо Чин, Вашингтон истифода аз аҳроми Тайванро барои эъмоли фишор бар Чин бо чандин ҳадаф ба таври ҷиддӣ пайгирӣ мекунад:

Аввал ин ки давлати демократи Амрико дар остонаи интихоботи миёндавраии Маҷлиси намояндагон ба дунболи баҳрабардории интихоботӣ аз он аст.

Дувум он ки Чинро даргири масоили дохиливу сарзаминиаш намояд. Ин мавзуъ бо тавваҷуҳ ба идомаи рушди иқтисодии Чин барои Кохи Сафед муҳим аст. Рушди иқтисодӣ, ки дар ҳоли пушти сар гузоштани иқтисоди Амрико аст.

Бисёре аз таҳлилгарон даступо задани Амрико дар тангаи Тайван ва талош барои даргир кардани Чин дар масъалаи Тайванро бархоста аз нигаронии рӯзафзуни Амрико аз ба хатар афтодани қудрати байналмилалиаш медонанд ва бар ин эътиқоданд, ки Вашингтон мекӯшад ба ҳар наҳви мумкин Чинро вориди як рақобати ҷиддии низомӣ дар минтақа намояд.

Зеро дар ин сурат Пекин ногузир хоҳад буд бахши муҳиме аз буҷети худро сарфи барномаҳои низомӣ кунад. Сиёсате, ки дар давраи ҷанги сард бар зидди Шуравӣ аз сӯи Амрико эъмол шуд, ки паёмади он фурӯпошии абарқудрати Шарқ буд.