Дархости Лондон барои нишасти фаврии сарони НАТО
(last modified Tue, 11 Oct 2022 07:38:40 GMT )
Октябр 11, 2022 12:38 Asia/Dushanbe
  • Дар ин нишаст, ки ба сурати видио конфросн баргузор мешавад
    Дар ин нишаст, ки ба сурати видио конфросн баргузор мешавад "Владимир Зеленский" Раис Ҷумҳӯри Украина низ ҳузӯр дорад

Дар пайи ташддиди ҳамалоти ҳавоии Русия ба Украина, нахуствазири Британия нишасти сарони Созмони паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО)-ро хостор шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, дафтари нахуствазирии Британия бо судури баёнияе эълом кард, Лиз Трасс ин дархостро дар ҷараёни нишасти раҳбарони гурӯҳи ҳафт, ки соати дигар баргузор мешавад матраҳ хоҳад кард.

Тибқи ин баёния, далели хостори Трасс итминон аз иродаи муттаҳидон барои мухолифат бо ташддиди ҳамалоти русия ба Украина тавсиа шудааст.

Ин  дар ҳоле аст, ки нахуствазири  Британия имрӯз бо Раиси Ҷумҳӯри Украина телефони суҳбат кард то ҳамалоти ахир ба Киев ва илҳоқи сарзаминҳои Украинаро маҳкум ва бар ҳимояти Лондон таъкид кунад.

Дар ин баёния омадааст, раҳбарони гурӯҳи ҳафти имрӯз (сешанбе 11-уми октябр) барои такрори иттиҳоди худ дар мухолифат бо идомаи ҷанг дар Украина мулоқот хоҳанд кард.

Дар ин нишаст, ки ба сурати видио конфросн баргузор мешавад "Владимир Зеленский" Раис Ҷумҳӯри Украина низ ҳузӯр дорад.

Бар асоси гузориши мунташир шуда, ҳамалоти ҳавоии рӯзи душанбеи Русия, густардатарин ҳамалот алайҳи Украина аз оғози ҷанг маҳсуб мешавад.

Бештар бихонед: