Ноябр 18, 2022 17:15 Asia/Dushanbe
  • Тафсир : Решаёбии далоили ҳаёҳӯи Илҳом Алиев алайҳи Эрон ва паёмадҳои он (бахши дувум)

Як таҳлилгари масоили байналмилал бо ишора ба изҳороти зиддиэронии ахири раиси ҷумҳӯри Озарбойҷон гуфт : Ба назар мерасад Илҳом Алиев ба қиморе даст зада, ки садои ноқусҳои шикасти он ба гӯш мерасад .

Аҳмади Козимӣ дар гуфтугу бо ИСНА дар хусӯси лафзбозиҳои ахири Алиев алайҳи Эрон бо ишора ба баргузории размоиши Арас тавассути Ҷумҳурии исломии Эрон дар марзҳои шимолии Эрон изҳор кард : Воқеият ин аст, ки мавзӯ танҳо баргузории размоиш нест, ки Илҳом Алиевро то ин ҳад асабонӣ карда, балки паёми ин размоиш ки ҳамон тағйир дар рӯйкарди суннатии Эрон ва эҷоди иҷмоъ ва иродаи лозим дар Теҳрон барои посух ба шайтанатҳои қафқозии режими саҳюнистӣ, Туркия ва Англия дар Ҷумҳурии Озарбойҷон аст, Бокуро ҳаросон ва ба дунболи он асабонӣ сохтааст .
Вай изофа кард : Ба назар мерасад Илҳом Алиев бо ин иштибоҳи муҳосиботӣ, ки сабри падаронаву роҳбурдии Теҳрон дар қиболи иқдомоти амниятзудо ва танишзои Боку поён надорад, ба навъе ҳокимияти худро байни режими саҳюнистӣ, Туркия ва Англия тақсим карда, то онҳо ҳар гуна ки мехоҳанд ороиши сиёсӣ ва ҷуғрофиёии минтақаро тарҳррезӣ кунанд ва аз мавқеъияти Қафқозу Осиёи марказӣ бо меҳварияти фитнаи « долони туронии НАТО » алайҳи Эрон, Русия ва Чин, конунҳои нави тавтеъа ва маҳорро эҷод намоянд . Ғофил аз инки асосан назми навин дар Осиё, ки бо меҳварияти Чин, Русияву Эрон ба унвони раҳбари меҳвари муқовимат ва бо уфули ошкори гегемонияи Амрико дар ҳоли пайрезӣ аст, шомили Қафқозу Осиёи марказӣ низ мешавад .
Аммо воқеият ин аст, ки сирфан баргузории размоиш нест, ки Илҳом Алиевро ин қадар асабонӣ сохтааст, балки паёми ин размоиш ки ҳамон тағйир дар рӯйкарди суннатии Эрон ва эҷоди ҳамфикрӣ ва иродаи лозим дар Теҳрон барои посух ба шайтанатҳои қафқозии режими саҳюнистӣ, Туркия ва Англия дар Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад, Бокуро ҳаросон ва ба табаъи он асабонӣ сохтааст . Илҳом Алиев дар моҳҳои ахир аз каналҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ паёмҳои лозим дар хусӯси хутути қирмизи Эронро дарёфтаст ва ба хубӣ медонад, ки дар фароянди ин назми навин дар минтақа ва бо ҳамкории Теҳрон, Маскав ва Пекин долони туронии НАТО маҷоли амалӣ шудан пайдо нахоҳад кард ва режими саҳюнистӣ маҷбур хоҳад шуд, ки Қафқозро тарк кунад . Дар воқеъ нишонаҳои умедворкунандае дар чашмандози оянда барои Алиев вуҷуд надорад.
Гузашта аз ин яке аз паёмадҳои ҷанги Украина ин аст, ки Русия ба ҳеҷ баҳое даст аз сари Қарабоғ бар нахоҳад дошт ва ҳатто агар онро табдил ба Калинингради дигаре накунад, ба Қарабоғ ба унвони пойгоҳи доимӣ нигоҳ хоҳад кард . Аз тарафи дигар саросемагии давлати Алиев барои заминасозӣ ҷиҳати лағви худмухтории садсолаи Нахҷавон баёнгари он аст, ки нигаронии ҷиддӣ аз гусастҳои иҷтимоӣ ва нофармониҳои маданӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон вуҷуд дорад . Зимни инки ба далели наслкушии фарҳангии ақаллиятҳо ва террор, қатлу шиканҷаи раҳбарону равшанфикрони онҳо бавижа ақаллиятҳои толишӣ, лизгӣ,авар, айдин ва тот ақаллиятҳои ин кишвар ба дунболи фурсате барои раҳоӣ аз ин наслкушии систематӣ ҳастанд .
Албата ин гуна мисолҳо зиёдаст, вале ҳамагӣ онҳо гувоҳи ин ҳастанд, ки авзоъ он гуна ки Илҳом Алиев тасаввур мекард пеш нарафтааст ва ба назар мерасад ӯ ба қиморе даст задааст, ки садои ноусҳои шикасти он ба гуш мерасанд; чаро ки арсаи сиёсат бамаротиб душвортар аз арсаи қиморбозии воқеӣ аст . Аз ин рӯ далоили асабонияти Алиев мушаххас аст. Дар воқеъи вай дар чашмандози оянда идомаи ҳокимияти меросии хонадони Алиевро бо чолишҳои бузург ҳамроҳ мебинад . Аз ин рӯ ба ҷои тавзеҳу шарҳ дар бораи нақши кишвараш дар иқдоми террористии ДИИШ дар ҳарами Шоҳчароғ, ба таноқузгӯйиҳои аҷиб рӯй овардааст . Аз як сӯ дар ҳоле ки нақши саркардагии ташайюъзудоӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба уҳда дорад, аммо аз ишқ ба масҷидҳо дар қаламрави озодшуда ва ҷиноёти ароманаи ҷудоиталаб ва ба истилоҳ ҳомиёни хаёлии онҳо сухан мегуяд ва аз сӯи дигар дубора ба қимори бамаротиби бузургтаре даст мезанад ва он мудохила дар умӯри дохилии Эрон ва тарҳи иддаоҳои беасос дар бораи вазъияти озариҳои ғаюри Эрон аст .
Изҳороти Алиев дар иҷлоси сарони кишварҳои ба истилоҳ туркзабон дар Самарқанд дар хусӯси вазъияти озариҳои Эрон аз як сӯ нишон медиҳад, ки  аввалан бар хилофи иддаоҳои гузашта ва дӯстимаобонаи давлати Боку тамомии фаъолиятҳову таблиғоти таҷзияталабонаи зиддиэронӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҳамоҳангӣ ва ҳимояти комили давлати Боку будааст ва дар ин хусӯс давлату мақомоти Боку масъӯлияти ҳуқуқӣ ва кайфарӣ доранд. . Дуюман Алиев бо огоҳӣ аз хусӯмати Амрикову режими саҳюнистӣ бо мардуми Эрон ва тамоюли онҳо ба эҷоди ҳаракатҳои таҷзияталабона дар Эрон талош дорад бо тарҳи ба истилоҳ масъалаи озариҳои Эрон ғарбро муҷоб созад, ки нагузоранд вай ба сарнавиштии шабеҳи Саддом Ҳусайн ( ки савдои таҷзияи Эронро дошт ) ва Муъаммар Қаззофӣ дучор шавад .
Табиӣ аст, ки изҳороти мудохилаҷӯёнаи Илҳом Алиев, ки поймоли ошкори қоидаҳои ҳуқуқи байналмилали маншури Созмони Миллал ва тавофуқоти амниятии дуҷониба аст, посухи шоиста ва пушаймонкунандаи худро хоҳанд дошт, ҳадди ақал агар вай воқеан ба изҳороти худ бовар дорад метавонад дастур диҳад ҳамон туре ки Эрон аз даҳ соли пеш раводидро лағв кардааст, Боку ҳам раводидро барои Эрон лағв кунад то шаҳрвандони Эрон аз ҷумла озариҳои мавриди ишораи Алиев ба роҳатӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кунанд ва бо дастовардҳои давлати ақаллиятситези Боку ошно шаванд . Вале нуктае ки ниёз ба ёдоварӣ ва танбеҳ аст инки Алиев дар ин масъала низ дучори иштибоҳи муҳосиботии бузурге шудааст . Озариҳои Эрон дар тӯли таърихи пештози сиёнит аз якпорчагии Эронзамин, парчамдори тақвияту тарвиҷи ташайюъ ва муҳофизони марзҳои таърихии Эрон ва басти он будаанд . Дар се даҳаи ахир рӯйкарди падаронаи Эрон нисбат ба Боку боис шудааст, ки иқдомоти Эронситезона ва шиъастезонаи давлати Боку дар миёни шаҳрвандони Эрон аз ҷумла озариҳои ҳамосасоз, ки барои худ рисолати торихӣ ва масъӯлияти бародарона дар хусӯси мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон эҳсос мекунанд, он гуна ки боиста аст, намуд надошта бошад . Аммо акнун метавон гуфт яке аз табаъоти ин иштибоҳи Илҳом Алиев ислоҳи ин раванд аз сӯи Теҳрон ва дар натиҷа гиреҳ хурдани табиии ҳаводиси ояндаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Нахҷавон бо мутолиботи озариҳои ғайратманди Эрон ва дигар шаҳрвандони Эрон хоҳад буд . Фароянди таҳаввулоти ояндаи нишон хоҳад дод, ки бархилофи тасаввури душманон чи потансиелҳои азиме барои бозтаърифи шароит дар Қафқоз аз сӯи Эрон вуҷуд дорад . Ба ҳамин далел имрӯз дар дохили ҳокимияти Ҷумҳурии Озарбойҷон баҳсҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад, ки қабл аз онкӣ дер шавад, Бодкуба ба унвони муҳимтарин роҳкор иштибоҳоти худ дар қиболи се даҳа рӯйкарди ҳимоятии Теҳронро ислоҳу ҷуброн намояд.

 

Барчасп