Филм ; Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар ; видоъи талхи Уругвай бо ҷом / Кореяи ҷанубӣ- сеюмин роҳёфтаи Осиё !
(last modified 2022-12-03T07:22:13+00:00 )
Декабр 03, 2022 12:22 Asia/Dushanbe

Тими футболи Уругвай танҳо ба далели тафозули голи камтар нисбат ба Кореяи ҷанубӣ видоъи талх бо Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар дошт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар идомаи рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол шаби гузашта тимҳои миллии футболи Ғано ва Уругвай дар ҳафтаи сеюми марҳалаи гуруҳӣ ва аз гуруҳи H ба масофи ҳам рафтанд, ки ин бозӣ дар поён бо натиҷаи 2 бар 0 ба суди Уругвай ба поён расид .
Дар шароите, ки Уругвай то лаҳазоти поёнии ин дидор яке аз тимҳои роҳёфта ба даври баъдии рақобатҳои ҷоми ҷаҳонӣ буд, аммо ба далели бурди Кореяи ҷанубӣ дар дақоиқи поёнии бозӣ бо Португалия, намояндаи Осиё дар радаи дувуми гуруҳ истод ва Уругвай бо қарор гирифтан дар ҷойгоҳи сеюм видоъи талх бо ин давра аз рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонӣ дошт .

Image Caption

 

 

 

Барчасп