Декабр 11, 2022 11:52 Asia/Dushanbe
  • Таъаҳуди давлати Русия барои таҳияи пешнависи паймони сулҳ миёни Боку ва Ереван
    Таъаҳуди давлати Русия барои таҳияи пешнависи паймони сулҳ миёни Боку ва Ереван

Давлати Русия барои баргузории нишасти сеҷониба бо намояндагони аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ва таҳияи пешнависи паймони сулҳ мутаъаҳид шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Денис Гончар, раиси башхи кишварҳои ҳамсуд дар Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки кишвараш омодаи ироаи ҳаргуна кумак барои таҳияи пешнависи паймони сулҳ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманисон аст.

Гончар гуфт: Маскав ҳозир аст бо таъини ҳудуди марзӣ байни Ереван ва Боку ва кумак ба таҳияи пешнависи паймони сулҳ барои коҳиши танишҳо байни ду кишвар миёнҷигари кунад.

Ин дипломати русӣ бо эъломи омодагии Маскав барои мизбонии иҷлоси сеҷониба бо ҳузури намояндагони аз Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт: Давлати Русия дар ҳоли эҷоди муқадимоти баргузории нишастҳои коршиносӣ байни намояндагони ин кишварҳо аст.

Гончар фазуд: Талошҳои мо барои эҷоди як фазои эътимод байни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аст, ки оғози ин раванд дар гуфтугуи сеҷонибаи Сочи буд.

Раиси бахши кишварҳои ҳамсуд дар Вазорати хориҷаи Русия мутаъаҳид шуд баргузории ҷаласоти марбутаро дар замони муқарар эълом кунад.

 

Барчасп