Декабр 15, 2022 11:40 Asia/Dushanbe
  • Флориан Филиппо дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навиш: Захираи  таслиҳоти Фаронса дар остонаи тамом шудан аст
    Флориан Филиппо дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навиш: Захираи таслиҳоти Фаронса дар остонаи тамом шудан аст

Русия эълом кард дар сурате, ки НАТО ба Украина сомонаи подофандии Потриют бидиҳад, ба ҳадафи қонуни барои ҳамлаи нерӯҳои русӣ табдил хоҳад шуд.

Дмитрий Медведов, муовини раиси Шӯрои амнияти миллии Русия гуфт агар сомонаи Паймони Атлантики Шимолӣ НАТО  бихоҳад тибқи ончӣ, ки Ҷенс Столтенберг, дабири кулли ин Созмон ишора кардааст, тундравҳо  дар Киевро ба сомонаҳои Потриют муҷаҳаз кунад, аъзои НАТО фавран ба ҳадафи машрӯъ ва қонуни барои нерӯҳои мусалаҳи Русия табдил хоҳад шуд.

Ин амр ба вижа бо таваҷӯҳ ба нишасти вузарои хориҷаи гурӯҳи 7 дар рӯзи сешанбе мабни бар ирсоли сомонаҳои падофанди ҳавоӣ ва мушакии ҷадид ба Украина аҳамияти дучандон ёфтааст. Кишварҳои гурӯҳи 7 эълом карданд, ки ба ҳамоҳанг кардани талошҳои худ барои рафъи ниёзҳои Украина дар ҳавзаи таҷҳизҳоти низомӣ ва дифоъӣ идома медиҳанд. Ин кишварҳо таи баёнияи муштарак эълом карданд: Тамаркузи мо бар таъмини сомонаҳои падофанди ҳавоӣ барои Украина хоҳад буд. Дар ин баёния омадааст: Мо ба таҳримҳои бесобиқае, ки алайҳи Русия  ба далели ҷанг бо Украина эъмол кардем, муътаҳид ҳастем. Як рӯз қабл аз ин баёния муштарак ҳам Ҷу Баден Раиси Ҷумҳӯрии Амрико дар тамоси телелфони  бо Владимир Зеленский ҳамтои украинии худ, ба вай итминон дод ҳимояти низомии Вашингтон аз Киев барои муқобила бо ҳамалоти Русия ба зерсохтҳои ҳаётии он идома ва талошҳо барои тақвияти падофанди ҳавоии Украина дар авлавияти Амрико қарор дорад.

Ба назар мерасад бар хилофи идаоҳои Амрико дар  бораи талошҳо барои хотима додан ба ҷанги Украина аммо амалан Вашингтон ва шуракои он дар гурӯҳи 7 хати мишии тадовуми ин ҷанги хунинро иттихоз карда ва бо таҷзияи ҳар чӣ бештари Украина ба вижа  ба таслиҳоти сарнавиштсоз монанади мушакҳои дурбар ва эҳтимолан паҳподҳои ҷадид ва низ сомонаҳои падофанҳои ҳавоӣ ва зиддӣ мушакӣ монанди Потриют, ки ба таври билқува метавонад муодилоти ҷанги Украина дар заминаи ҳавоӣ ва мушакиро ба нафъи Украина тағир диҳад, қасд ба чолиш кашидани Русия ва ба дарозо кашондани ҷанг ба умқи хоки Русияро доранд. Ҳамин амр сабаби ҳушдори шаддиди Маскав дар заминаи тақобули низомии мустақими Русия ва НАТО дар сурати таҷҳизи Украина ба сомонаи Потриют аст.

Бадин тартиб Амрико, Аврупоро ба ҳаракат  дар масири мадди назари худ водор кардааст, дар ҳоле,ки тадовуми ҷанги Украина сабаби бесуботии ҳарчӣ бештар дар Аврупо ва эҳтимоли сироят ҷанг ба соири кишварҳои ҳамсояи Украина ба вижа Лаҳистонро хоҳад дошт. Ин масъалае аст, ки интиқодоти зиёдеро дар кишварҳои бузурги аврупоӣ ба вижа Фаронса аз чониби мухолифон дар пай доштааст. Онҳо муътақиданд, ки тадовуми ҳимоят аз давлати Украина иловабар ҳазинаҳои сангине, ки бар давлатҳо ва дар натиҷаи молиёт диҳандагони аврупоӣ таҳмил карда сабаби тазъифи тавони дифоъи онҳо бо холи кардани захоири таслиҳотӣ ва муҳимоти ин кишварҳо шудааст. Флориан Филиппо Раиси ҳизби Рости ифротӣ "меҳан парастон", Фаронса, тадовуми ҳимояти таслиҳотии кишвараш аз Украинаро дар ҳоле, ки артиши Фаронса ба ин таслиҳот ниёз дорад, ҷунуномез тавсиа кард. Флориан Филиппо дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навиш: Захираи  таслиҳоти Фаронса дар остонаи тамом шудан аст, аммо ирсоли таслиҳот ва муҳимоти ҷангӣ ба Киев ҳамчунон идома дорад. Бояд ин иқдоми комилан ҷунуномезро мутавақиф кунем.

Ҷон Миршаймер  устоди равобити байналмиллалии донишгоҳи Шикого ва сармардори риализми таҳоҷуми низ бар ин бовар аст идомаи раванди ҳимояти тасолиҳотии Ғарб аз Украина метавонад боиси афзоиши хатари даргирии мустақим миёни Русия ва НАТО шавад. Ин масъала бо афзоиши таҳдидот алайҳи Маскав, хатари истифода аз таслиҳоти ҳастаиро низ афзоиш медиҳад.

Аз тарафи дигар тадовуми ҷанги Украина ба маънои ташдиди бӯҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Аврупо ба далели таваруми бесобиқа, рекори иқтисодӣ ва коҳиши қобили мулоҳизаи рифоҳии иҷтимоъӣ аст. Таҳримҳои энержии Русия яъне нафт ва гази ин кишвар ва иқдомоти мутақобили Маскав дар ин замина сабаби бурузи чашмандози ҳароснок дар бораи наҳваи гузарондани зимистони сахти Аврупо шудааст.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп