Январ 06, 2023 19:01 Asia/Dushanbe
  • шоҳзода Вилям - бародари бузургтараш ва валиаҳди кунунии Англия, Ҳариро задааст
    шоҳзода Вилям - бародари бузургтараш ва валиаҳди кунунии Англия, Ҳариро задааст

Шоҳзода Ҳари дар китобе, ки қарор аст ҳафтаи оянда мунташир шавад, хабар дода, ки шоҳзода Вилям - бародари бузургтари ӯ, ки валиаҳди Англия ҳам ҳаст, вайро ҳадафи ҳамлаи физикӣ қарор додааст.

Дар идомаи интишори гузоришҳои мухталиф дар бораи вазъияти аъзои хонаводаи салтанатии Англия пас аз оғоз ба кори Чарлзи сеюм ба унвони подшоҳ, занозании валиаҳди ин кишвар бо бародараш хабарсоз шудааст.

Рӯзномаи англисии «Гардиян» гузорише ихтисосӣ дар бораи китоби шоҳзода Ҳари, писари хурдии шоҳи Англия мунташир кард, китобе, ки қарор аст ҳафтаи оянда ба сурати умумӣ мунташир шавад.

“Гардиян” эълом карда, ки ба як нусха аз китоби шоҳзода Ҳари, ки “Ядакӣ” (Spare) ном дорад, дастрасӣ пайдо кардааст. Тибқи ин ривоят, Ҳари дар бахше аз китобаш хабар дода, ки шоҳзода Вилям - бародари бузургтараш ва валиаҳди кунунии Англия, ӯро шаллоқ додааст.

Ба навиштаи ин китоб, Вилям бо Ҳари дар соли 2019 дар яке аз иқоматгоҳҳо дар Лондон бар сари издивоҷи ӯ бо Меган Меркел, бо ҳам баҳси шадиде карданду кор ба бархӯрди физикӣ ва занозанӣ кашид.

Ба гуфтаи Ҳари, Вилям, ки ба шиддат аз издивоҷи бародари хурдтараш бо Меган Меркел хашмгин буд, Меркелро бо ин алфоз тавсиф карда буд: «Пуришкол, беадаб, ғайриқобили таҳаммул».

Ин тавсиф сабаб шуд, ки Ҳари аз ҳамсари амрикоӣ ва дурагааш дифоъ кунад ва ба шоҳзода Вилям бигӯяд, ки ин ҳарфҳо «такрори тӯтивори ривояти расонаҳо» аз Меган Меркел аст.

Дар китоби Ҳари омадааст: “Ба дунболи ин изҳори назари ман (Ҳари), Вилям гиребони маро гирифт, гарданбандамро пора кард . . . ва маро ба замин кӯбид”.

 

Барчасп