Январ 08, 2023 10:18 Asia/Dushanbe
  • Дабири кулли НАТО муддаи шуд: Афзоиши ҳамкории Чин ва Русия назми ҷаҳониро таҳдид мекунад
    Дабири кулли НАТО муддаи шуд: Афзоиши ҳамкории Чин ва Русия назми ҷаҳониро таҳдид мекунад

Дабири кулли НАТО муддаи шуд афзоиши ҳамкори миёни Русия ва Чин  назми ҷаҳони, ки тавассути кишварҳои ғарби эҷодшударо таҳдид мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Столтенберг гуфт: Русия ва Чин бо ин ҳақиқат муттаҳид шуданд, ки хостори назми ҷаҳонии мутафовит ҳастанд.

Дабири НАТО изофа кард: Ҳақиқат он аст, ки онҳо арзишҳои моро ба иштирок намегузоранд ва дар талош барои дифоъ аз манофеъе ҳастанд, ки эътиқоди мо ба озоди ва демакратиро нақз мекунад.

Вай дар идома имтиноъи Пекан аз маҳкум кардани амалиёти низомии Русия дар Украинаро шоҳиди аслии иттиҳод миёни Пекан ва Маскав тавсиф кард.

Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия пештар гуфта буд: Назми ҷаҳонӣ дар ҳоли тағир аст ва ҷаҳон дар ҳоли гузор ба самти назми чандқутби аст танҳо кишварҳое, ки мухолифи ин гузор ҳастанд, ки мехоҳанд ҳежмунии худро ҳифз ва ҷаҳонро кантрол кунанд.

Вай афзуд: Фақиртарин кишварҳо бештарин зарбаро аз сиёсатҳои ҳежмуник ва ҳамчунин таҳримҳои ғарб мутаҳамил шуданд.

 

Барчасп