Дархости дабири кулли Созмони Милал аз раҳбарони мазҳаби барои пешгири аз нифратпарокани ва ифротигароӣ
(last modified 2023-02-05T06:19:05+00:00 )
Феврал 05, 2023 11:19 Asia/Dushanbe
  • Дархости дабири кулли Созмони Милал аз раҳбарони мазҳаби барои пешгири аз нифратпарокани ва ифротигароӣ
    Дархости дабири кулли Созмони Милал аз раҳбарони мазҳаби барои пешгири аз нифратпарокани ва ифротигароӣ

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид мумонеъати раҳбарони мазҳаби аз нифратпарокани ва ифротигароиро хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид имруз шанбе ба муносибати рузи ҷаҳонии бародари, ки 4 феврали соли 2019 тавассути ин сомзон номгузори шуда аст аз раҳбарони мазҳаби хост аз нифратпарокани пешгири карда ва ифротигароӣ дар миёни пайравони динҳо хунсо кунанд.

Дар чанд муддати ахир дар се мавриди мушобеҳ ифротгароёни ростгаро дар Светсия, Дания ва Ҳоланд бо тавҳин ба Қуръони Карим ин китоби осомниро оташ заданд.

Беҳурматии ахир ба Қуръони Карим вокунишҳои густардаи байналмилали ва эътирозҳои шадидеро дар ҷаҳони ислом барангехта аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Миср, Кувайт, Иморот, Ал-Азҳари Мирс, Маҷмаъи ҷаҳони уламои мусалмон, Қатар, Арабистон, Инданезия, Урдун, Марокаш, Созмони ҳамкории исломӣ, Шурои ҳамкории Халиҷи Форс, Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҷунбиши Ҳамос ва Ҷиҳоди исломии Фаластин аз ҷумлаи кишварҳо ва ниҳодҳое буданд, ки зидди ин иқдоми муваҳин мавзеъгири карда ва онро маҳкум ва хостори пешгири аз такрор ва муҷозоти омилони он шуданд.

Барчасп