Декабр 15, 2016 20:42 Asia/Dushanbe

Ҷашни милоди ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва «Ҳафтаи ваҳдат» дар маркази вилояти Балх, шимоли Афғонистон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзӣ (дарӣ)-и Эрон, дар ин маросим, ки рӯзи панҷшанбе бо ҳузури ҷамъи зиёде аз донишҷӯён, уламо ва соири ақшори мардум дар шаҳри Мазори Шариф баргузор шуд, суханронон ба аҳамияти ухуввату ҳамдилӣ байни ҳама мусалмонони ҷаҳон, бавижа мардуми мусалмони Афғонистон ва пайравони мазоҳиби исломӣ таъкид карданд. Ба ҳамин муносибат, Ато Муҳаммади Нур, волии Балх низ бо ирсоли паёме зимни табрики милоди Набии мукаррами Ислом (с) ваҳдат ва якпорчагии уммати Исломро дар ҷаҳон зарурати иҷтинобнопазир унвон кард. Ӯ дар паёми худ ибрози умедворӣ кард, аҳли тасаннуну ташайюъ бо ҳифзи рӯҳияи пазириши якдигар дар канори ҳам ба рушду тавсеаи Афғонистон кӯмак мекунанд ва мабнои хадамоти арзишманде ба дини мубини Ислом мегарданд.

Мавлавӣ Раҳматуллоҳи Бузург, яке аз уламои вилояти Балх низ гуфт, паёми «Ҳафтаи ваҳдат» ин аст, ки дар шароите ки гурӯҳҳои ифротӣ дар ҷавомеи исломӣ ба дунболи тафриқа ҳастанд, мусалмонон муттаҳид шаванд. Ӯ ҳамчунин дар бораи нуфузу густариши гурӯҳҳои ифротию салафӣ дар донишгоҳҳои Афғонистон ҳушдор дода гуфт, ин афрод бо нуфуз дар мадорису донишгоҳҳои Афғонистон салафияту ваҳҳобиятро ривоҷ медиҳанд ва ин хатари бузурге барои ҷомеаи Афғонистон аст.

 

Барчасп