Дархости Гутерриш аз шуришиёни 23 март барои эҳтиром ба тавофуқи оташбаси Конго
(last modified 2023-03-07T14:54:04+00:00 )
Март 07, 2023 19:54 Asia/Dushanbe
  • Дархости Гутерриш аз шуришиёни 23 март барои эҳтиром ба тавофуқи оташбаси Конго
    Дархости Гутерриш аз шуришиёни 23 март барои эҳтиром ба тавофуқи оташбаси Конго

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид эҳтиром ба тавофуқи оташбаси Конгоро аз шуришиёни 23 март хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Стефан Дюжаррик, сухангу дабири Созмони Милали Муттаҳид гуфт: Антониу Гутерриш аз шуришиёни 23 март хост то ба тавофуқе, ки қарор аст аз имруз сешанбе иҷро шавад эҳтиром ва дар ростои тасмимоти нишасти сулҳи Луанда аз манотиқи шарқии Конго хориш шаванд.

Шуришиёни 23 марти соли 2012 дар эътироз ба вуҷуди фасод ва бадрафтори дар Ҷумҳурии демакратии Конго зидди ин кишвар шуриш карданд.

Ин шуришиён дар соли 2013 мутаҳамили шикасти сахти аз артиши Ҷумҳурии демакратии Конго шуданд, аммо дар поёни соли 2021 бори дигар ҳамалоти худро ба хоки ин кишвари африқоӣ аз сар гирифт.

Дар пайи ҳамалоти шуришиёни 23 март ба манотиқи шарқи Ҷумҳурии демакратии Конго садҳо нафар кушта ва даҳҳо ҳазор нафар овора шуданд.

Барчасп