Афзоиши ҳамлаи қалбӣ (дил) дар асари танаффус дар ҳавои олуда ҳатто дар замони кутоҳ
(last modified 2017-04-15T07:10:58+00:00 )
Апрел 15, 2017 12:10 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳамлаи қалбӣ (дил) дар асари танаффус дар ҳавои олуда ҳатто дар замони кутоҳ

Нигоҳи тоза ба маҷмуъае аз мутолиъоти қаблӣ аз сӯи гуруҳе аз коршиносони фаронсавӣ тасдиқ кард,ки танҳо чанд рӯз нафс кашидан дар ҳавои олуда боиси афзоиши хатари ҳамлаи қалбӣ(сактаи дил) мешавад.

Бо вуҷуде ки аз муддатҳо пеш собит шуда аст чандин сол зиндагӣ  кардан дар шаҳрҳои олуда ё наздики бузургроҳҳои  аслӣ хатари гирифторӣ  ба бемориҳои қалбиро афзоиш медиҳад,аммо ин мутолиъа нишон медиҳад,ки  ҳатто тамоси кутоҳмуддат бо олудагии  ҳаво барои дил  воқеъан зарарнок  аст ва хатари ҳамлаи қалбиро афзоиш медиҳад.

Ба гузориши  хабаргузории  Руитер ва ба нақл аз хабаргузории пизишкии Эрон, доктор Санҷои Роҷо Гуполон,ки  руи олудагии ҳаво ва вазъияти саломатии қалбу раг  дар донишгоҳи Огаяи  Амрико мутолиъа мекунад, хотирнишон кард: Ҳарчанд мумкин аст тағийроти  рӯзона дар зарраҳои  олояндаи   мавҷуд дар ҳаво андак  бошад, аммо ин тағийроти андак ба лиҳози офзоиши осебпазирии мардум дар баробари  мушкилоти қалбӣ  ва рагӣ дорои   аҳаммияти бисёр ва таъсиргузор аст.

Вай афзуд: Ба иловаи ашхосе ,ки пешзаминаи мушкилоти қалбӣ  доштаанд дар ин замина бештар осебпазир ҳастанд. Ҳамчунин доктор Ҳозриҷ Мустофӣ- аз мутахассисони Маркази  мутолиъоти қалбу раги   Порис бо муқоиса ва бозбинии 34  мутолиъаи  қаблӣ дар заминаҳои таъсири  якояки  олояндаҳои  саноъатӣ-нақлиётӣ шомили  моноксини карбон, диоксид гедроген  ва  олояндаҳои хурд  руи қалбу раг    дарёфтанд эҳтимоли ҳамлаи қалбӣ  бо афзоиши сатҳи тамоми ин олояндаҳо, ба истиснои озон афзоиш меёбад.

 

Барчасп