Чӣ кор кунем,ки муи сарамон дертар сафед шаванд?
(last modified Mon, 17 Apr 2017 04:57:15 GMT )
Апрел 17, 2017 09:57 Asia/Dushanbe
  • Чӣ кор кунем,ки муи сарамон дертар сафед шаванд?

Муйҳо фақат дар осиёб сафед намешаванд, гузашти замон ҳам онҳоро сафед мекунад.

Дар ҳақиқат сафед шудани муйҳо яке аз ошкортарин  нишонаҳои  боло рафтани синну сол аст, аммо ҳамеша сафед шудани муй ба иллати боло рафтани син нест,  бисёре аз    шароити дигар низ муйҳоро сафед мекунад.

Дар поинтарин қабати  пуст ва дар маҳалли поя ва такияи  тори мӯй ҳуҷайраҳое  ба номи  мланосит қарор доранд, ки доимо таркибе бо номи  мланинро тавлид мекунанд ва ҳамин мланин аст, ки ранги  муйҳоро эҷод мекунад.

Вақте мланоситҳо комилан  орӣ аз  рангдона шаванд муй  сафед мешавад ва агар шумори  мланини як тори муй камтар  аз ҳолати оддӣ   шавад, он мӯй хокистарӣ ва нуқраӣ ё мошу биринҷӣ  мешавад.

Мланосит  ҳар 10 сол ҳудуди 10 дарсад аз мизон ва тавони тавлиди  ранги худро аз даст медиҳад. Агарчи чигунагии аз даст додани ин рангдонаҳо дақиқан мушаххас нест, аммо ончи мушаххас аст ин аст, ки дар нахустин марҳалаҳои хокистарӣ шудани мӯй  мланосит ҳануз вуҷуд дорад,  аммо ғайрифаъол аст.

Синни миёнаи  сафед шудани муй  дар сафедпустон 34 сол ва дар сиёҳпустон 42 сол аст. Агар муи  як шахси   сафедпуст зудтар аз 20 солагӣ ва сиёҳпуст зудтар аз 30 солагӣ сафед шавад, ба он сафед шудани зудраси муй мегуянд.

Муи бадан ва чеҳра  ҳам мисли муи сар хокистарӣ мешавад, аммо маъмулан ин иттифоқ баъд аз тағйири ранги муи сар ба вуҷуд меояд. Сафед шудани муи сар маъмулан аз шақиқаҳо оғоз мешавад ва баъд аз он навбат ба тоҷи сар ва бақияи нуқоти пушти сар мерасад.

Дар сафедии муйҳо нақши  омили ирсиро набояд фаромуш кард. Сафедии  зудҳангоми муи сар мумкин аст ба иллати генӣ   бошад, ки аз волидайн ба ирс бурдаем, аммо сабабҳои  қобили дармон низ барои он вуҷуд дорад.

Тағзия ва ранги муй

Таҳқиқот нишон дода, ки камбуди фулузот монанди оҳан, руҳ, минганий, титан , тангситан ва мис аз омилҳои аслӣ  дар сафед шудани  муйҳо ҳастанд, албата ин масъала илоҷе ҳам дорад. Коршиносони тағзия(хурокворӣ) муътақиданд  ашхосе, ки дучори сафедии муй  ҳастанд  бояд меваҳои  ҳамчун себ, нок , шафтолу  ва ҳамаи меваҳое ки дорои   миқдоре аз менералҳои  гуногун хусусан минганий ҳастанд ва низ истеъмоли  сабзиҷоте ҳамчун  сир, пиёз, мусир ва тара, ки дорои  минганий ҳастандро дар барномаи ғизоии  худ бигунҷонанд.

Нахуди сабз, қорч(замбуруғ), хушкбор , лубиё, адас, памидор, банан, олу, соя ва картошка аз ҷумлаи сабзавоте  ҳастанд, ки миқдори қобили таваҷҷуҳи мис доранд ва метавонанд бар пуст ва муй таъсир бигузорад ва ҳатто аз сафед шудани муй ҳам пешгирӣ кунад.

Хурдани  ҷушондаи сабуси гандум,сунбули тиббӣ (сунбули тиббӣ дорои мингиний зиёд аст), махлути хокаи  сабуси биринҷ  ва шакар ё наботи майдашуда ва нони ҷав ҳам дар ҳифзи ранги муй ва коҳиши  муҳои сафед таъсиргузор аст.

Бемории мӯи сафед

Бисёре аз бемориҳо метавонанд замони сафед шудани муҳоро зудтар кунанд. Камбуди витаминҳои Б  бахусӯс асид пантотник ва витамини  B-12  яке аз ин мавридҳо аст.

Бемории ҷоғарқ, бемориҳои сестимаи  эминӣ, камхунӣ, режимҳои сахт ва тулонимуддат, бемориҳо ва афзоиши глоболҳои  сафеди хун низ боъиси сафедии зудҳангом ва беш аз ҳадди муйҳо мешавад.

Сигарет ва муй

Сигарет  кашидан низ муҳоро сафед мекунад.Таҳқиқот нишон дода, суръати сафед шудани муй дар  онҳое,ки сигарет мекашанд 4 баробари  ашхоси  ғайрисигарикаш аст. Шояд иллати ин амр  коҳиши  расидани оксиген ба решаи муҳо бошад.