Хосиятҳои ғизоии меваи шафтолу
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i17584-Хосиятҳои_ғизоии_меваи_шафтолу
Шафтолу аз назари тибби қадими Эрон мизоҷи хунук ва тар дорад ва дорои хосиятҳои зер мебошад :
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 23, 2017 04:48 Asia/Dushanbe
  • Хосиятҳои ғизоии меваи шафтолу

Шафтолу аз назари тибби қадими Эрон мизоҷи хунук ва тар дорад ва дорои хосиятҳои зер мебошад :

1- Шафтолу  мулоимкунанда  аст ва боиси  коҳиши   ташнагӣ мешавад.

2- Барои  рафъи  бӯи бади  даҳон  шафтолу  бихуред.

3-Равғани  мағзи  донаи  шафтолу барои дарди  гӯш ва гирифтагии маҷрои  гӯш фоиданок аст.

4-Барои бартараф кардани  захмҳое, ки дар бадани кудакон ва пушти гуши онҳо эҷод мешавад.Донаи шафтолуро дар оташ биондозед то бисузад сипас мағзи донаро    дароварда ва орд кунед  ва бар ҷои  захм бимолед.

5- Мағзи донаи  шафтолу  кумаккунанда  аст ва хунро тоза мекунад.

6- Мағзи донаи  шафтолу барои дармони  ревматизм фоида дорад.

7- Ҷушондаи  баргҳои  дарахти  шафтолу  барои бемориҳои  пустӣ  муфид аст.

8- Чойи  барг ё гули  шафтолу барои рафъи сиёҳсурфа истифода мешавад.

9- Шафтолуро майда  кунед ва ба сурати  крем(молиданӣ) барои рафъи дилпечиҳои  бачаҳо ва дафъи кирми  руда руи шаками онҳо қарор  диҳед.

10- Барги  шафтолу  ва ҷаъфариро бо равғани зайтун омехта карда ва руи сухтагӣ ва ба ҷои зарбадидагӣ бигузоред.

11- Беҳтарин  маски  зебоиро  метавонед аз шафтолу таҳия  кунед  барои тароват ва ҷавон кардани  пуст,  Шафтолуро пуст карда ва шира кунед ва руи пусти худ қарор дода ва бигузоред муддати  20 дақиқа бимонад ва пас аз он рӯро  бо оби менералӣ  бишуед.

12- Ҷушондаи  пусти  дарахти  шафтолу  асари  таббур дорад.

13- Хурдани  шафтолу  заҳрро аз бадан  хориҷ мекунад.

14- Барои  кам кардани  вазни хул  шафтолу  бихуред.

15- Касоне,ки  захми  меъда доранд ва ё гирифтор  ба варами меъда ва ё руда ҳастанд  бояд бо шаками холӣ  шафтолу бихуранд.

16- Шафтолу  меваи  хубе барои   пиронсолон  аст;ба шарти  инки бо шаками  холӣ  бихуранд, ки зуд ҳазм шавад.